Конибодомиён бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкВъезд в таджикский город Канибадам
Въезд в таджикский город Канибадам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази шаҳри Конибодом хатти обрасонии 10-килуметрӣ кашида мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, ин лӯлаи обрасонӣ аз обгири "Селобдашт" то маркази шаҳр кашида мешавад.

Ин лӯлаи обрасонӣ дар чорчӯби тарҳе кашида мешавад, ки ҳукумати вилоят ва Бонки урупоӣ аз он пуштибонии молӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории "ТоҷикТА", то кунун 7 килуметр аз ин лӯла кашида шуда ва насби 6 тулумба (насос) ва 2 махзан барои захираи об дар истгоҳи тулумбаӣ оғоз шудааст.

Коршиносон натиҷагирӣ кардаанд, ки оби ин лӯла посухгӯи ҳама меъёрҳои беҳдоштӣ аст ва онро мешавад барои ошомидан ба кор бурд.

Гуфта мешавад, ки мушкили таъмини конибодомиён бо оби ошомиданӣ яке аз авлавиятҳои кори шаҳрдорӣ аст.       

Лентаи хабарҳо
0