Алишер Усмонов дар Бухоро минтақаи гардишгарӣ месозад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкАлишер Усманов, архивное фото
Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар Бухоро минтақаи гардишгарии "Бухорои Қадим" (Қадимий Бухоро) сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Соҳибкори узбак Алишер Усмонов тарҳи бунёди минтақаи гардишгариро дар шаҳри Бухоро сармоягузорӣ мекунад.

Бино ба иттилоъи Sputnik Узбакистон қарори сохтусози минтақаи гардишгарӣ дар Бухоро аз ҷониби раисҷумҳури Узбакистон имзо шудааст.

"Мувофиқи қарор дар Бухоро минтақаи сайёҳии "Қадимий Бухоро" сохта мешавад. Дар ҳудуди он меҳмонхонаҳои муосири дуошёна, марказҳои табобатӣ ва дилхушӣ, ки талаботи пурраи ҷаҳонгардонро қонеъ мегардонад, сохта хоҳад шуд".

Гостиница в Дарвазе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меҳмонкадае дар Дарвоз дарашро ба рӯи ҷаҳонгардон боз кард

Ҳудуди умумии минтақаи сайёҳӣ 10 ҳектар заминро ташкил медиҳад. Ҳамаи ширкатҳое, ки то 1 январи соли 2020 да ин минтақа сармоягузорӣ ва кор мекунанд аз супоридани андоз аз даромад, андози замин, бунёдҳои ҳукуматӣ ва гумрукӣ озод карда мешаванд.

Дар қисмати торихии Бухоро — "Шаҳристон" бозор ташкил мешавад. Барои бозор бинои дуошёна сохта шуда, дар он сувенирҳо, ширинӣ, меваҳои тару тоза, китобҳо, маҳсулоти заргарӣ ва ғайра ба фурӯш гузошта мешавад.

Ҳамаи биноҳо ба таври миллӣ оро дода шуда, намуди таърихии шаҳрро халалдор нахоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0