ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Имрӯз дар маркази ноҳияи Дарвоз меҳмонкадае ба баҳрабардорӣ расид, ки аз бунгоҳи пазироӣ ва маркази иттилоърасонии ҷаҳонгардон иборат аст.
Мудири ин бунгоҳ Мастон Мастонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳадафи аслӣ аз роҳандозии ин меҳмонкада хидматрасонӣ ба ҷаҳонгардон дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ аст.
"Бунгоҳ аз сохтмоне дуошёна иборат аст. Дар ошёнаи аввал утоқҳои хидматрасонӣ ва иттилоърасонӣ ва дар ошёнаи дувум утоқҳои меҳмонон ҷойгир шудаанд", — гуфт вай.
Меҳмонкада ба сабки меъмории миллӣ сохта шуда ва барои суҳбату истироҳат ҷойҳои муносиб дорад. Берун аз меҳмонкада боз чанд соябону шипанг бунёд шудаанд ва меҳмонон имкон доранд аз ин ҷо шаҳраки Қалъаи Хумбро тамошо кунанд.
Ба қавли Мастонов дар меҳмонкада ҳама шароити замонавӣ барои гардишгарону ҷаҳонгардон фароҳам оварда шудааст.
"Утоқҳо бо оби гарм, ҳаммом, Wi-Fi ва дигар дастгоҳҳи лозим муҷаҳҳазанд".
Ин меҳмонкада ҳамзамон бо хидматрасонӣ ва меҳмондорӣ, ҳамчунни аз диданиҳои торихиву гардишгарии Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳонгардон иттилоърасонӣ мекунад.
"Мо ҷаҳонгардонеро, ки аз Дарвоз ба вилоятамон мерасанд, пазиро шудаву меҳмондорӣ мекунем ва барояшон дар бораи мавзеъҳои зебо ва дидании вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ, водии Бартанг, ноҳияи Ишкошим ва дигар мавзеъҳо иттилоъ расонӣ ва роҳнамоӣ мекунем ", — тавзеҳ дод мудири меҳмонкада.
Нархи як рӯз истироҳат дар ин меҳмонкада барои ҷаҳонгардон ва гардишгарони тоҷикистонӣ яксон нест.
Ҷаҳонгардон барои як рӯз истироҳат бештар аз 160 сомонӣ ва гардишгарони дохилӣ бештар аз 100 сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Ин ҳазина хӯроки субҳона, чой ва дигар хадамоти меҳмондориро дар бар мегирад.
"Барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон мо ҳама шароитро муҳайё кардаем. Рушди соҳаи гардишгарӣ барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст", — гуфт Мастон Мастонов.
Вай таъкид кард, ки ин бунгоҳ афзун бар хидматрасонӣ ҳамчунин корофаринӣ низ карда ва даҳ касро бо кор таъмин кардааст.
"Ҳамчунин ду нигаҳбон, як пешхидмат, ду фаррош дар ин марказ бо кор таъмин шуданд", — афзуд ӯ.
Маркази пазироӣ ва иттилоърасонии ҷаҳонгардӣ ё Меҳмонкада дар ноҳияи Дарвоз дар чорчӯби Барномаи пуштибонии рушди иҷтимоъии манотиқи кӯҳистони Бадахшон вобаста ба Бунёди Оқохон сохтаву роҳандозӣ шудааст.
Ин дувумин маркази пазироӣ ва иттилоърасонии ҷаҳонгардон дар Кӯҳистони Бадахшон аст. Нахустин марказ дар шаҳри Хоруғ соли 2008 бунёд шуд, ки ҳамакнун яке аз бунгоҳҳои муваффақ дар риштаи гардишгарӣ ба шумор меравад.
Гардишгарӣ дар Помир аз маъруфтарин навъи ҷаҳонгардӣ барои хориҷиён аст, мегӯяд мудири иҷроии Маркази рушди гардишгарӣ Баҳриддин Исомуддинов.
Помир бо гуногунии қавмӣ ва зебоии табиъату кӯҳсорон дар ҷаҳон ном баровардааст. Бисёре аз кӯҳнавардон орзу доранд як бор ҳам ки бошад Боми ҷаҳон бароянд. Бархе ҳам дӯст доранд саросари Бадахшонро бигарданд ва бо мардуму фарҳангашон ошно шаванд.