Асари “Дастурулилоҷ” наздики 500 сол баъд аз таълифот ба ҳуруфоти крилӣ баргардон шуд

Обуна шудан
Дастхати асари машҳури “Дастурулилоҷ”-и Алии Хуросонӣ дар Шӯъбаи дастхатҳои Шарқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта шуда, ба наздикӣ бо ҳуруфоти сириликӣ дастраси хонандагон хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Чуноне ки Раҷабалӣ Додихудоев, мудири шӯъбаи дастхатҳои Шарқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад,  "Дастурулилоҷ" аз ҷониби кормандони ин шӯъба ва шӯъбаи Китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ аз ҳуруфоти арабӣ ба крилӣ баргардон шуда, рӯзҳои наздик дастраси хонандагон хоҳад шуд.
Муаллифи "Дастурулилоҷ" табиб ва нависандаи машҳур Султон Алии Хуросонӣ мебошад, ки дар дарбори Шайбониён умр ба сар бурдааст.

Чуноне ки манбаъ қайд мекунад, Алии Хуросонӣ ин асарро дар даврони ҳукумати Абўмансур Кучкончихон маъруф ба Кучумхон (вафоташ 936 ҳ.қ.) мансуб медонад, ки бо дастури писари ў Абўлғозӣ Султон Абўсаид Баҳодурхон пас аз чиҳил соли мутолиа дар илми тиб, соли 933ҳ.қ. мутобиқ ба соли 1526 мелодӣ ба риштаи таҳрир даровардааст.

Нусхаи китоби Қуръон - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон нусхаи Қуръони тиллоӣ ба намоиш гузошта шуд

Ин асар соли 1874 мелодӣ аз тарафи Муҳаммад Азиз валади Мулло Ниёз Муҳаммади Истаравшанӣ дар шаҳри Хуқанд нусхабардорӣ шудааст.
"Дастурулилоҷ"  аз муқаддима ва ду мақола иборат мебошад.

Дар муқаддимаи китоб дар бораи ҳифзи саломатӣ ва баён дар тиб, саломативу беморӣ, нуқоте дар бораи андомҳои басит, маркаби қувваҳо, набз, танаффус, бавл, арақ (-и бадан), тавлиду марг, даврони буҳрон ва ғайра сухан меравад.
Муаллиф дар 32 боб, дар бораи бемориҳои узвҳои инсон маълумот медиҳад.

Асари мазкур дар фонди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳ дошта мешавад ва аз 340 саҳифа иборат мебошад. Дарозии ин китоб 52 см ва бараш 30 см аст, ки дар ҳар варақ 25 сатрӣ навишта шудааст.

Ин асар як дастоварди бузурге дар илми тиб буда, донишҷўён, аспирантон ва таҳқиқотчиёни соҳаи тиб метавонанд дар таҳқиқоти худ аз ин истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0