ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нусхае аз "Қуръони Карим" ба намоиш гузошта шуд.
Бино ба гузориши вебгоҳи китобхона, ин китоб дар асри XVI китобат шуда аст. Ду сафҳаи аввал ва ду сафҳаи охири китоби муқаддас бо оби тилло навишта шудааст.
Ҳамакнун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 15 нусха аз дастнависҳои "Қуръони маҷид" мавҷуд аст, ки ҳар яки он торихи худро дорад ва бо хатту қаламҳои гуногун навишта шудааст.
Коршиносон ин нусха аз "Каломуллоҳ"-ро ба асри XVI мансуб медонанд. Аммо дар китоб аз торих ва хаттоти он ёд намешавад. Ин нусха аз "Қуръони Карим" аз 570 сафҳа иборат аст.
© Фото : Сайт Национальной библиотеки ТаджикистанЭкземпляр книги "Коран"
Экземпляр книги "Коран"