Русия як гурдони пойгоҳи 201-умро бо ҳавогардҳои бесарнишин мусаллаҳ мекунад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкБеспилотный летательный аппарат (БПЛА), архивное фото
Беспилотный летательный аппарат (БПЛА), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин гурдон ё баталион бо навтарин муделҳои ҳавогардҳои бесарнишин ё "паҳпод" (парандаҳои ҳидоятпазир аз дур) мусаллаҳ мешавад

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои Минтақаи низомии марказии Русия артишбад Владимир Заруднитский эълом кард, ки дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон то поёни имсол як гурдони ҳавопаймоҳои бесарнишин ё паҳподҳо таъсис хоҳад шуд. 

"Ин гурдон бо навтарин муделҳои паҳподҳои "Орланд" ва "Элерон" мусаллаҳ карда хоҳад шуд. Ин паҳподҳо ҳамоҳангсозии амалиёти нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаро беҳбуд хоҳанд бахшид", — таъкид кард артишбад Заруднитский, вале теъдоди ин ҳавогардҳоро мушаххас накард.

Ракетный комплекс Искандер-М, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия пойгоҳи 201-умро бо сомонаҳои мушакӣ ва ракетандоз мусаллаҳ мекунад

Пештар хабар дода будем, ки Русия нерӯҳои пойгоҳи 201-умро бо як гурдон аз сомонаҳои ракетандози "Ураган" мусаллаҳ кардааст. Ҳамчунин барои ширкат дар размоиши муштараки низомиёни Русияву Тоҷикистон "Душанбе — Антитеррор — 2017" барои нахустин бор сомонаи мушакии токтикии "Искандар — М" ба қаламрави ҶТ оварда шудаанд.

Самолет Су-24 на совместных учениях российских и таджикских военных на военном полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон дар кӯҳистон размоиш баргузор мекунанд

Ин сомонаҳо бо ҳавопаймоҳои таробарии Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия Ан-124-100 "Руслан" ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Қарор аст аз ин сомонаҳо дар размоиши кишварҳои ҳамсуд (СНГ) "Душанбе — Антитеррор — 2017" истифода шавад, ки аз 30 май то 1 июн дар размоишгоҳҳои Ҳарбмайдон ва Лоҳур баргузор хоҳад шуд. Дар ин размоиш ҳамчунин ҳавопаймоҳои бумбафкани Су-24М, ҳавопаймоҳои ҷанганда, чархболҳои низомии Ми-8 ва Ми-24 ширкат хоҳанд кард.

Паҳпод ё "парандаи ҳидоятпазир аз дур" дар улуми низомӣ ҳавогардҳои мутурдори бесарнишини якбормасраф ё бозёфтшавандаеро меноманд, ки бо нерӯҳои аэродинамикӣ худкорона ё бо вопоиш аз роҳи дур ба парвоз медароянд ва барои бурдани бор, наворбардории муҳит, фароҳам овардани иттилоъоти низомӣ ва ё ҳуҷум ба душман ба кор мераванд. ПАҲПОД сарвожаест аз номи ин ҳавогардҳо дар забони форсӣ: "پهپاد — پرندۀ هدایت‌پذیر از دور".

Лентаи хабарҳо
0