ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Сухангӯи Минтақаи низомии марказии Русия аз интиқоли ягоне аз бумбафканҳои "Сухой — 24М" ба Тоҷикистон барои ширкат дар размоиши артишиёни ду кишвар хабар дод.
Размоиши артишҳои Русия ва Тоҷикистон аз 30 май то 1 июн баргузор хоҳад шуд ва бумбафканҳои "Сухой — 24М" ҳамалоти ҳавоӣ ба корвонҳо, анборҳои тадорукотӣ ва урдугоҳҳои теруристҳои фарзиро машқ хоҳанд кард.
"Ягоне аз ҷангандаҳои бумбафкан аз пойгоҳи ҳавоии "Шагол" дар маркази Русия бархоставу беш аз 3 ҳазор килуметр роҳро паймуд ва дар фурӯдгоҳи низомии "Айнӣ" ба замин нишаст", — гуфт сарҳанг Ярославл Рошупкин.
Вай афзуд, дар ин размоиш низомиёни Русия ва Тоҷикистон равишҳои ҳамкунишии нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ дар ҷанг бо гурӯҳҳои теруристӣ дар кӯҳистон ва анҷоми амалиёти сулҳбониро тамрин хоҳад кард.
Ёдоварӣ мекунем, ки охирин размоиши артишҳои Русия ва Тоҷикистон, ки дар авохири моҳи март дар вилояти Хатлон баргузор шуда буд. Дар он размоиш камубеш 50 ҳазор сарбозу афсари захираи Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомии Русия ширкат карда буданд.
Муовини аввалини фармондеҳи Нерӯҳои зудвокуниши Тоҷикистон Ҷаҳонгир Нурализода он размоишро густардатарин размоиш дар 25 соли гузашта шумурда буд. Дар он размоиш равишҳои барномарезии амалиётӣ, фармондеҳии воҳидҳои зарбатӣ ва ҳамоҳангиву ҳамкуниши нерӯҳои ҳавоии Русия ва нерӯи заминии Тоҷикистон барои мубориза бо гурӯҳҳои теруристӣ тамрин шуда буд.