Беэҳтиромии Шабнам Сурайё ё шоми эҷодии Аслишо Акимбеков дар Маскав

© Фото : Elegant (I AM Photographer)Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз дидани рестурону саҳнаи ороста бо гулҳои садбарги сафеду сурх, ҷавонону духтарони тоҷик бо пираҳанҳои зебо ва муҷрии машҳур Аслишо Акимбеков ба назар мерасид, ки барнома бисёр хуб хоҳад гузашт. Аммо ...

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нилуфар Некқадам. Қарор буд ҳунарнамоии ситораи эстрадаи тоҷик Шабнам Сурайё шоми 24 май соати 23:00 дар рестурони "Белое золото" дар Маскав баргузор шавад.

Шабнам як рӯз пас ба консерташ омад.

Соат 00:00 шуд, вале аз Шабнам хабаре нест. Дар рестурон камубеш дусад тамошобин ҷамъ шудаву ҳунарнамоии Шабнамро интизор буданд.

Аслишо Акимбеков, муҷрии ин барнома, соати 00:30 ба саҳна баромада, тамошобиноро ба шоми ҳунарии Шабнам Сурайё, ки дар толор ҳузур надошт, хушомадед гуфт.

"Шабнам имрӯз субҳ ба Маскав омад. Ӯ хуб хобидаву истироҳат кардааст. Ошпазҳои мо барояшон ширчой дам карданд. Шабнам аз Майдони Сурх дидан кард ва муҷаввизи кору патенташро низ гирифт", — шӯхӣ мекард Аслишо Акимбеков.

Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Шабнам Сурайё дар Маскав ҳунарнамоӣ хоҳад кард

Аслишо бо чарбзабонӣ таваҷҷуҳи тамошобинонро аз деркарди Шабнам ба худ ҷалб мекард. Чунончи, мегуфт, ки дирӯз, 23 май дар Рӯзи ҷавонон аз номи ҳама ҷавонони Маскав дар ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кардааст.

"Барои ман суханронӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон аз номи тамоми ҷавонони Маскав ифтихори бузург буд.  Ба раисҷумҳур ва кулли мардуми тоҷик гуфтам, тоҷикони муқими Маскав пайваста кӯшиш мекунанд, то номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд", — гуфт Аслишо.

RUTV ва LIKE Fm ё Далерҷон

Шаб аз ним гузашта буд, вале аз Шабнам Сурайё ҳамончунон хабаре набуд. Ба ҷояш Далерҷон рэп мехонад. Ӯ дар Маскав то андозае маъруф ҳам шудааст. Намоҳанг ва сурудҳои ӯ аз шабакаи RUTV ва LIKE Fm намоиш дода мешаванд.

Далерҷон ба саҳна баромаду табъи хираи тамошобинонро зуд эҳсос кард.

"Ҳаққ доранд! Чаро ҳаққ надошта бошанд? Охир, онҳо барои дидани Шабнам омадаанд", — фикр кардам ман.

Далерҷон ҳамзамон бо хондани рэп аз тамошобинон мепурсид, ки чаро онҳо ғамгинанд ва рақс ҳам намекунанд.

Вай се суруд иҷро карду ҷояшро ба ду раққоса дод. Онҳо барои болида гардонидани хотири тамошобинон дар навои ду суруди арабӣ рақсиданд.

© Sputnik / Одиноков ЕвгенийКонцерт Шабнам Сурайё в Москве
Концерт Шабнам Сурайё в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Концерт Шабнам Сурайё в Москве

Пас аз рақси арабӣ Аслишо ба саҳна баромаду ҳамаро ба рақси тоҷикӣ даъват карда, худ ба иҷрои суруди Парвиз Назаров "Бизан, бизан чарх бизан" пардохт.

Толор каму беш гарм шуд ва чунин менамуд, ки тамошобинон аз Шабнам фаромӯш карданд.

© Sputnik / Одиноков ЕвгенийКонцерт Шабнам Сурайё в Москве
Концерт Шабнам Сурайё в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Концерт Шабнам Сурайё в Москве

Соат 01:00 шуд, аммо Шабнам ҳамчунон наомада буд. Аслишо пас аз чанде тамошобинонро барои хондани сурудҳои Шабнам даъват кард. Ният дошт озмуне баргузор кунад ва агар нафаре хуб сарояд, омода буд ӯро Шабнам эълом кунад ва бе Шабнами Сурайё консертро идома диҳад.

Сабри тоҷикона

Аксари тамошобинон аз тоҷикҷавонони муқими Маскав буданд. Вале чанд тан аз бузургсолон низ ба чашм мерасиданд.

Мардуми мо бисёр бо сабру таҳаммул аст, фикр кардам ман. Агар масалан, ҳунарпешае дар Ҳиндустон ё дар дигар кишвар ба тамошобинон беэҳтиромӣ мекард, тамошобинон аз толору тарабхона то муҷрии барнома ҳамаро мешикастанду сангсор мекарданд, вале тоҷикон сабри Аюб доранд.

Шабнами Сурайё. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шабнами Сурайё ба Русия меравад. Бо вижасафари ҳунарӣ

"Ман аввалин бор барои тамошои ҳунари Шабнам омадам. Намедонам ин аз камбахтии ман аст ё аз беэҳтиромии Шабнам Сурайё ба тамошобинон. Дигар интизор намешавам", — шикотя мекард Ситора, ки бо шавҳараш ба консерт омада буд.

"Шабнам фикр намекунад, ки мардум ҳам кору зиндагӣ дорад. Масалан, мо фардо дарс дорем. Имрӯз таътил нест-ку?", — гиламандона гуфт донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи кишоварзии Маскав Акрам.

Вале аксари тамошобинон аз ҷояшон намеҷунбиданд.

"Мо барои дидани Шабнам омадем, то набарояд намеравем. Охир пул додаем", — гуфт Сулҳия.

"Ӯ ситора аст, меарзад, ки мо ӯро интизор шавем", — гуфт дар ҷавоб дугонаи Сулҳия, ки ҳарду дар ороишгар ҳастанд ва махсусан барои консерти Шабнам пул пасандоз кардаанд.

Билетҳо барои консерти Шабнам аз 2500 то 3000 рубл нарх дошт.

Беэҳтиромии Шабнам ё саҳлангории баргузоркунандагон

Яке аз баргузоркунандагони шоми ҳунарнамоии Шабнам Сурайё ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки то ҳамон нимашаб барои иҷрои ин консерт гуфтушунид идома дошт.

"Ин аз камкориву саҳлангории баргузоркунандагон аст. Ба фикрам мушкилашон дар камбуди пул аст", — гуфт яке аз масъулини рестурон.

Аслишо ҳам соати 02:30 ба саҳна баромада иттилоъ дод, ки Шабнам 20 дақиқа пас ба шоми ҳунарияш хоҳад омад.

"Ҳамаи чиз шуданаш мумкин. Вале Шабнам розӣ шуд. Ӯ чунин аст. Шабнам меояд баъди 20 дақиқа. Биёед барои ситораи эстрадаи тоҷик як қарсаки пурмавҷ занем", — гуфт муҷрии барнома.

Вале Шабнам Сурайё  на пас аз 20 дақиқа, балки пас аз яку ним соат ба шоми ҳунарияш омадааст.  

Аслишо ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Шабнам соати 04:00 рӯзи 25 май ба рестурон омад. Ба гуфти ӯ, ҳунарнамоии ситораи эстрадаи тоҷик дар сатҳи олӣ буд.

Соли гузашта Шабнам Сурайё бо барномаи бошукуҳи консертӣ дар толори бузурги консертии "Россия" бо сурудҳояш Русияро ба по хезонда буд. Имсол бошад, тамошобинон Шабнамро ба по хезонданд, то омада дар консерти худаш ҳунарнамоӣ кунад.

Ин беэҳтиромии Шабнам Сурайё нисбати тамошобинон аст, ё ноуҳдабароии баргузоркунандагони консерт?

Лентаи хабарҳо
0