ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Сарояндагони шинохтаи тоҷик ба шаҳрҳои Русия сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.
"Мӯҳтарам дӯстдорони мусиқии тоҷик, шуморо ба консерти Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов даъват менамоем",- омадааст дар як иттилоъия, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ овозхонон дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар пойтахти Русия консерти сарояндагони маъруфи тоҷик рӯзи 22 май дар толори консертии марказии "Россия" баргузор хоҳад гардид. Рӯзи 23 май онҳо дар Санк-Петербург дар толори "Хонаи Фарҳанг"-и ба номи Горкий баромад намуда, консерти ниҳоӣ рӯзи 25 май дар шаҳри Екатеринбург дар толори "Кохи Фарҳанг"-и ба номи Лавров баргузор мегардад.
Шабнами Сурайё, аз маъруфтарин овозхонҳои эстрадаи тоҷик мебошад. Ӯ 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, фаъолияти ҳунариашро ҳанӯз 12 сол муқаддам, дар соли 2004 оғоз кардааст. Дар соли 2006 Шабнами Сурайё бо иҷрои таронаҳои марғубу дилнишинаш ба дили мухлисони кишвар ҷо гирифта, алъон дар тамоми мамолики форсизабон, махсусан дар Афғонистон машҳур аст.
Ӯ чандин дафъа бо дигар сарояндагони саршиноси тоҷик аз қабили Парвина Шукруллоева, Ҷонибек Муродов, Баҳром Ғафурӣ, Сӯҳроб Сафарзод ва бо ҳунармандони афғон чун- Ҷовид Шариф ва Наҷиб Навабӣ, ҳамчунин бо Лайло Фуруҳари эронитабор аз ИМА муштаракан ҳунарнамоӣ кардааст.
Соли 2007 Шабнами Сурайё сафири СММ аз Тоҷикистон дар доираи барномаи Рушди СММ оиди мубориза бар зидди СПИД таъин гардид.
Ҷонибек Муродов-сароянда, писари ҳунарманди шинохтаи тоҷик, шоҳи мусиқии мардумӣ, ҳунармандии халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷурабек Муродов мебошад.
Қаблан ин овозхон дар гурӯҳи "Боло" ва баъдан бо гурӯҳи "Вазир" ҳунарнамоӣ кардааст. Аз аввоили соли 2007 инҷониб Ҷонибек дар алоҳидагӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
Дар муддати кӯтоҳ Ҷонибек аллакай се албоми ҳунарии худро пешкаши мухлисон гардонидааст. Овозхон дар Тоҷикистон, Русия ва дигар мамлакатҳо маъруф аст. Яке аз албомҳои Ҷонибек дар якҷоягӣ бо Шабнами Сурайё сабт шуда, дуэти онҳо писанди ҳамагон гардидааст.