Аз тоҷикон то хориҷиён: Рустам Эмомалӣ барои сохтусози Душанбе меъмор меҷӯяд

Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе бо мақсади дарёфти меъморон барои созхтусози пойтахт озмуни кушод эълом кардааст

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон — шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиён метавонанд ширкат кунанд.

Бино ба равобити умумии шаҳрдорӣ хоҳишмандон бояд ҳуҷҷатҳоро барои ширкат аз 10 майи соли 2017 то 10 июли соли равон дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе бо қайди "Барои озмун" ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, 48, ё тариқи почтаи электронӣ

 DushanbeSRMhS@mail.ru пешниҳод кунанд.

Рустам Эмомалӣ манзилҳои сокинони пойтахтро "гарм" мекунад

Ширкаткунандгон бояд тарҳи ангоравии нақшаи иморатсозии кӯчаҳои Неъмат Қарабоев — аз бурриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то буриши кӯчаи Даврии ҷанубӣ, Соҳилӣ —

— аз буриши кӯчаи Низомӣ Ганҷавӣ то кӯчаи Даврии ҷанубӣ, хиёбони Борбад аз буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ  то буриши кӯчаи  Ханжинро омода ва пешниҳод кунанд.

 Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдор ҳамаи ширкаткунандагонро ҷоиза интизор аст.

 Ҷоиза барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо пули сомонӣ ва  ғолиби хориҷӣ мутаносибан бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон бо  доллари ИМА пардохт карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0