ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми шаҳрдори Душанбе, шабакаи гармидиҳии Душанбе бояд барои мавсими зимистон бо ҳамаи истеъмолкунандагон шарномаро ба имзо расонад.
"Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъиноти гуногунро дар муҳлатҳои муайянгардида бо пешниҳоди шиносномаҳои тайёрӣ ба анҷом расонида, ҳамчунин мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо истеъмолкунандагони энергияи гармӣ шартномаҳои дахлдори хизматрасониро ба имзо расонад",-омадааст дар қарор.
Ҳамчунин шаҳрдори Душанбе ҷиҳати саривақт таъмин ва тоза кардани оби ошомиданӣ ба кумитаҳои дахлдор супориш додааст.
"Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" ҷиҳати омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, қабулу тозакунии оби ғализ ва таъмин намудани фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ тадбирҳои зарурӣ андешад",-гуфта мешавад дар матни қарори шаҳрдори Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сокинони шаҳри Хоруғи ВМКБ аз набудани оби ошомиданӣ ба Рустами Эмомалӣ барои расонидани кумак муроҷиат карда буданд.