ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ҷавонони Тоҷикистон рӯ ба омӯзиши забони чинӣ овардаанд, навиштааст расонаи бархатти байналмилалии "The Diplomat".
То панҷ сол пеш аз ин хориҷиёне, ки шаҳри Душанбе меомаданд, аз раҳгузарон дар кӯчаву хиёбонҳо бештар "Привет" ва "Ҳеллоу" мешуниданд, вале акнун эҳтимол дорад, ки меҳмонони пойтахти Тоҷикистонро ба забони чинӣ "Ни ҳау" гуфта пешвоз гиранд.
"Аз онҷое, ки Чин беш аз пеш дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад, донишҷӯён акнун бештар забони чиниро чун аввалин ва ё дувумин забони хориҷӣ интихоб мекунанд", — гуфта шуда дар матлаби ин расона.
Дар 20 соли гузашта теъдоди донишҷӯёне, ки забони чиниро меомӯзанд, дар Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ аз 20 кас то 200 кас афзудааст. Афзун бар ин, Муассисаи Конфуҷӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ забони чиниро ба кӯдакони 9-сола ва калонтар меомӯзонад.
Соли 2015 дар Омӯзишгоҳи конҷӯии Гулистон низ шуъбаи Муассисаи Конфуҷӣ бунёд шуд, ки бурсияи таҳсил дар Чин пешниҳод мекунад. Донишчӯёне, ки ин бурсияро дарёфт мекунанд, дар Донишгоҳи шаҳри Урумчӣ — маркази устони Синҷиён-Уйғуристон таҳсил хоҳанд кард. Бархе ҳам роҳи Пекинро пеш мегиранд.
"Замоне, ки ман Пекин омадам, 60 — 70 донишҷӯи тоҷик дар ин шаҳр будем. Ҳангоме, ки дар соли 2010 аз Чин мерафтам, инҷо беш аз 400 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекард", — мегӯяд мутарҷим Искандар Икромӣ.
Ба гуфти вай, ҳар нимсол таҳсилу иқомат дар Чин камубеш 2 ҳазор дулор ҳазина дорад.
Вале омӯзишгоҳҳои забони чинӣ дар шароити рақобати шадид бо забонкадаҳои инглисӣ ва русӣ фаъолият мекунанд. Донишҷӯён мегӯянд, ки бисёре аз онҳо аввал забони русиро интихоб мекунанд, сипас инглисиро ва агар вақту пулашон бирасад — забони чиниро. Бунёдгузорони забонкадаҳои чинӣ гила доранд, ки забономӯз кам доранд.
Чин дувумин сармоягузори аслии Тоҷикистон аст ва бештар бунёди корхонаву бунгоҳҳои иқтисодиро сармоягузорӣ мекунад. Афзун бар ин, солҳои ахир Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ зерсохторҳои иқтисодияшро густариш медиҳад. Аз он ҷумла, роҳҳо сохтаву нақбҳо канда мешаванд.
Вале сармоягузории Чин дар иқтисоди Тоҷикистон ҷанбаи манфӣ низ дорад. Чунончи, кишоварзҳои чинӣ заминҳои кишоварзии ҷануби Тоҷикистонро иҷора гирифтаву "хешонидаанд" ва корхонаҳои сементе, ки Чин дар Тоҷикистон сохтаву месозад, муҳитзистро олуда мекунанд. Ҳамчунин бархе аз расонаҳо ҳар аз гоҳе матолибе мунташир карда Чинро муттаҳам ба дастдарозӣ ба сарзамини Тоҷикистон, бавижа Помир, мекунанд. Вале аз ниҳодҳои кишвардории Чин касе расман дар ин бора назар намедиҳад.