ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳмароҳ бо ҳайъате баландпоя аз ин ниҳод дар нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ширкат кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии ВУХ Тоҷикистон, дар ин нишаст масоъили муҳимми минтақаӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла пайвастани Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмон, баррасӣ шуданд.
Вазирон дар боораи дурнамои ҳамкориҳо дар заминаи рӯёрӯӣ ба таҳдидҳову чолишҳое чун теруризм, ифротгароӣ, базаҳкории созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҳамчунин таҳкими амнияти байналмилалии иттилоот ва вокуниш ба пешомадҳои фавқуллода табодули афкор карданд.
Сарони ҳайъатҳо таҳкими равобит дар заминаҳои тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи муҳити зист, илму фанноварӣ, варзишу гардишгариро аз муҳимтарин омилҳои рушди пойдори ҳамкориҳои кишварҳо донистанд.
Вазирон дар паи баррасии ин масоъил қарордодҳои марбутро низ имзо карданд.
Дар ҳошияи ин нишаст мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷиддин Аслов бо вазирони умури хориҷаи Қазоқистон ва Чин баргузор шуд.