ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ, дар ин барномаи фарҳангӣ овозхонони номдори тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд.
Барои ҷавонон Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов, Меҳрнигор Рустам, Муҳаммадрофеъ Кароматулло, Шабнам Сурайё, Мадина Ақназарова, Садриддин Наҷмиддин тарона хоҳанд суруд.
Дар барнома ҳамчунин дастаҳои созиву овозии "Ориё" ва "Дарё" сурудҳои худро пешкаши тамошобинон мегардонанд.
Гурӯҳҳои рақсии "Лола", "Гулрез", "Зебо", "Чаман", "Ситора", "Базморо", "Ҷаҳоноро", дастаи "Наврӯз" аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, гурӯҳи балети Театри операву балет барномаҳои рақсӣ иҷро хоҳанд кард.
Дар ин барнома ҳамчунин гурӯҳҳои "Ритм", "Новая эра", "City Power", "Reflesh Cru" ва "Lords of dance" бо рақсҳои урупоӣ ва муъосир табъи тамошобинонро болида хоҳанд гардонд.
Қарор аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар "Базми ҷавонӣ" ширкат кунад.
Ҳамчунин субҳи имрӯз дар майдони Парчами давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонон роҳпаймоии бошукӯҳе барпо гардид, ки дар он камубеш 6 ҳазор ҷавон ҳамроҳ гом заданд.