“Мо бо Манижа ифтихор дорем”: консерти овозхони тоҷик дар Петербург

© Фото : Марина МельникКонцерт певицы Манижи
Концерт певицы Манижи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин тоҷикдухтар дар толори “Ледовый дворец” ҳама сурудҳояшро иҷро кард ва бо таронаҳои тоза мухлисонашро шод намуд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik, Марина Чернышова-Мельник. Манижа Сангин — овозхони тоҷики муқими Русия рӯзи шанбеи гузашта аввалин консерти худро  дар Санкт- Петербург баргузор кард.

Дар ин барнома овозхон тамоми сурудҳояшро — аз таронаҳои нахустинаш сар карда, то сурудҳои навтарин иҷро кард. Яке аз онҳо суруди "Устал" мебошад, ки пас аз инфиҷор дар Петербург сабт гардида буд.

Манижа Сангин дар назди мухлисон бо овози зинда суруд мехонд. Дар толор ҳамшаҳриҳои овозхон ва намояндаҳои дигар миллатҳо, аз ҷумла русҳо, нишаста буданд.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин консерт ширкат кард, то таассуроти ин хонанда ва ҳаводоронашро аз наздик бинаду сабт кунад.

Аввалин "саҳна" — шабакаҳои иҷтимоъӣ

Ин духтари нозук ва сияҳмӯйро кашфи бузурги мусиқии сол меноманд. Саҳнаи вай — шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳастанд, ки дар он ҳунарманд намоҳангҳои 15-сонияии худро, дар сабки ҷаз, соул ва R'n'b  мегузорад.

Овозхони тоҷики муқими Русия Манижа, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз хомӯшӣ: Манижа Сангин дар Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ мекунад

Танҳо дар Инстаграм Манижа беш аз 240 ҳазор ҳамванд дорад, ки зери сурудҳои вай 10 милюн лайк ё писанд гузоштаанд ва ҳазорҳо ёддошт навиштаанд. Дар Youtube низ намоҳангҳои ин духтари зеборо милюн кас тамошо кардааст.

Ин ҳамон Манижа Сангин аст, ки ҳама қавонини бозори мусиқиро шикастааст: вай аз шабакаҳои иҷтимоъӣ бе ҳеч таҳиягар ва такрори таронаҳояш дар родюву телевизион ба саҳна роҳ ёфту номдор шуд.

Аз аввал Манижа наворҳои сурудашро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мегузошт. Ҳар рӯз овозхон дар Инстаграм акс, видио ва блогҳои нав ҷой медод ва ба ин восита дӯстони интернетияшро шод мекард.

Дар асл шуҳрати Манижа аз шабакаҳои иҷтимоӯӣ сарчашма мегирад. Манижа куллан 4 албом дорад ва дар даҳҳо озмуну ҷашнвора ширкат кардааст.

Ин бор Манижа ҳадаф гузошт, ки рӯ ба рӯйи ҳаводоронаш суруд хонад. 20-уми май нахустин консерташ дар яке аз толорҳои Петербург баргузор шуд.

Дар толори консертии "Ледовый дворец" чанд ҳазор тамошобин ҷамъ омаданд. Мухлисон интизор мешуданд, ки кай консерт сар мешавад ва сурудҳои Манижаро — "Цветок", "Иногда", "Люстра", Wake up, My love зери лаб такрор мекарданд.  

Бештари тамошогарон бо хешовандон ва дӯстонашон омада буданд. Қисми зиёди мухлисон тоҷиконе буданд, ки мехостанд ҳаммеҳанашонро дастгирӣ ва пазироӣ кунанд.

Манижа Сангин (Ҳамроева) соли 1991 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.  Замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, хонаводааш ба Русия паноҳ ҷустанд. Манижа ҳеҷ гоҳ зодбумашро фаромӯш накардааст. Якчанд суруд ба забони тоҷикӣ низ дорад. Ин таронаҳо тоҷикони Русияро бештар болида мекунанд.

© Фото : Марина МельникКонцерт певицы Манижи
Концерт певицы Манижи - Sputnik Тоҷикистон
Концерт певицы Манижи

 

Низора ва Суҳроб — муҳоҷирони ҷавон дар толор нишаста буданд. Онҳо мегӯянд, чанд моҳ аз дастмуздашон дар бозоре, ки фурӯшанда кор мекунанд, пасандоз мекарданд, то барои консерти Манижа билет харанд.

"Мо ҳам аз Душанбе омадаем. Вақте ки аз  баргузории консерт хабардор шудем, ноҳор ҳам намехӯрдем то пуламонро ҷамъ карда билет бихарем. Мо бо Манижа ифтихор мекунем",- мегӯяд Низора.

"Ин гуна барномаҳоро муҳоҷирон бо ҷону дил интизор мешаванд",- мегӯяд Суҳроб. — Мо пас аз замоне дароз аввалин бор аст, ки пӯшоки корамонро дигар карда, бо либоси маҷлисӣ пӯшидаву консерт омадем ва бо ҳамватанону дӯстонамон суҳбат дорем".

Шаҳноза ҳам, ки хуҷандӣ аст, мегӯяд пеш аз ҳама ин гуна консертҳо барояшон ёде аз Ватан аст.

"Дар хона низ пайвандонам сурудҳои Манижаро гӯш мекунанд ва ӯро дастгирӣ мекунанд. Бисёр хуб аст, ки ин духтари зебои тоҷик тавонистааст дар Русия муваффақ шавад. Мо шахсони боистеъдоди зиёд дорем, аммо ҳамаи онҳо имконият надоранд. Ин ситораҳаки тоҷик тавонист, миллати моро  муаррифӣ кунад."

 

Шаҳноза ҳамроҳаш ду фарзандашро низ овардааст, ки мехоҳад аз хурдӣ меҳри мусиқӣ дар дилашон ҷо ёбад. Манижа ба забонҳои гуногун суруду тарона мехонад.

© Фото : Марина МельникКонцерт певицы Манижи
Концерт певицы Манижи - Sputnik Тоҷикистон
Концерт певицы Манижи

Дар толор тамошобинони узбак, қирғиз ва туркман ҳам буданд. Ҳамчунин аз Украина, Белорус, Латвия ва албатта аз Русия низ тамошобинон ҳузур доштанд.

Манижа Сангин ҳам ба саҳна баромад. Нахуст якчанд сурудашро аз албоми Manuscript (моҳи феврали ҳамин сол сабт шудааст) хонд ва сипас ҳаводоронашро хуш омадед гуфт.

"Ман хеле дар ҳаяҷонам, дӯстон, зеро ин нахустин ҳунарнамоии таксароии ман аст ва он ҳам дар чунин толоре. Медонед, ман хушбахтам, ки ҳамаи шумо — ҳаводоронамро мебинам. Хурсандам, ки аввалин консерти ман дар Петербург мегузарад. Ин ҷо борҳо дар ҷашнвораҳо ҳунарнамоӣ кардаам. Дар Маскав зиндагӣ кунам ҳам, бештари мухлисонам фикр мекунанд, ки ман зодаи ҳамин шаҳрам. Барои худам ҳам ҳамин тавр аст. Зеро бисёре аз сурудҳоямро дар Петербург ва бо илҳом аз насими рӯди Нева навиштаам", — гуфт вай.

Зери кафкубиҳои пурмавҷ Манижа сурудҳои машҳури худро аз қабили "Люстра", "Иногда", "Не твое", I love too much, Little lady ва ғайраҳо иҷро кард. Мухлисон якҷоя бо овозхони дӯстдоштаашон суруд мехонданд, рақс мекарданд ва акс мегирифтанд. Гоҳе миёни иҷрои сурудҳо овозхон дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва аз ангезаҳое, ки ба вай илҳом мебахшанд, мегуфт. Аз ин барнома боз ҳам самимитар мегашт.

Суруди "Устал", ки мухлисон онро бори аввал шуданиданд, туҳфаи махсуси Манижа дар консерт шуд.

 "Моҳи апрел пас аз ҳамон инфиҷори мудҳиш  зиндагӣ дар шаҳр ваҳмангез буд. Ман доим дар фикри амният, зиндагӣ ва тақдири инсонӣ, ки онро наметавон пешгӯйи кард, мегаштам. Ҳамин тавр шабе ин суруд тавлид гашт. Матни онро бадоҳатан эҷод кардаам", — гуфт Манижа ва хондани сурудро оғоз кард.

Мухлисон гуё нақш мебозида бошанд, пораҳои сурудро дар як лаҳза аз худ карданд ва ҳамроҳ бо хонанда ин сурудро иҷро намуданд.

"Медонед зеботар аз мусиқӣ чист?", — пурсид Манижа аз меҳмонони худ. "Кафкӯбиҳои Шумо, шунидани он маънои шунадани муҳаббат ва ихлоси шуморо нисбати сурудҳои ман дорад.  Агар ба Шумо сурудҳои ман писанд бошанд, пас эҷодиёти ман беҳуда набудааст.

© Фото : Марина МельникКонцерт певицы Манижи, архивное фото
Концерт певицы Манижи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Концерт певицы Манижи, архивное фото

Танҳо ба пеш!

Дар охири барнома Манижа ба мухлисонаш иқрор шуд, ки дидор аз наздик бо ҳаводорон аз муошират ба воситаи интернет бисёр беҳтар будааст. Вай шиносоиҳои худро дар "саҳна" бо мухлисонаш давом хоҳад дод.

Сухангӯи ин ҳунарманд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки тобистон Манижа Сангин дар чанд ҷашнвораи мусиқӣ "ВКонтакте", "Усадьба Jazz", "Дикая мята" и "Калининград Сити Джаз" ширкат хоҳад варзид.

Ҳамчунин ба зудӣ овозхон дар  Маскав низ консерт баргузор мекунад. Тирамоҳи ҳамин сол бошад, ҳунарманд  албоми мусиқии тозаи худро ба омма пешниҳод мекунад, ки ҳоло гурӯҳи вай ба эҷоди он машғул аст. Ном ва таронаҳои ин албом ҳоло махфӣ аст. Аммо ба Sputnik ваъда доданд, ки то рӯнамоии расмии он дар борааш маълумот медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0