ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар ин шоми эҷодӣ китоби Зулфия Миршакар "Маззаи асал" рӯнамоӣ гардид.
Дар ҷорабинии фарҳангӣ намояндагони аҳлу ҳунар, фарҳангиён, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони расонаҳо ширкат карданд.
Бино ба иттилоъи равобити умумии сафорат, маросими рӯнамоӣ бо сухани сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов шурӯъ шуд.
Сафир Зулфияро ба муносибати нашри китобаш муборакбод гуфта ба нависанда мувафаққият таманно кард.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар назди ҳозирин аъзои Иттифоқи нависандагони Русия Михаил Синелников, коргардони машҳур, ҳунарманд ва муҷрии барномаҳои телевизионӣ Александр Гордон, доктори илмҳои филологӣ Ҳалима Хушқадамова дар бораи бардошти худ аз мутолиаи китоби Зулфия нақл карданд.
Асарҳое, ки ба китоби "Маззаи асал" ворид шудаанд, дар асоси ҳодисоти воқеъӣ навишта шудаанд. Романи "Роҳ ба сӯи хона" ва повести "Маззаи асал" хонандаро ба замонҳои баъди низомии Тоҷикистон мебарад.
Худи Зулфия Миршакар дар бораи таърихи навиштани китоб ва ёддоштҳои худ нақл карда, чанд порчаро барои тамошобинон хонд.
Дар чорабинии фарҳангӣ филми кӯтоҳ "Талоқ", ки аз рӯи сенарияи Зулфия Миршакар наворбардорӣ шудааст, ба меҳмонон пешниҳод гардид.
Меҳмонон ҳамчунин филмҳои коргардони машҳури рус Валерий Аҳадов — "Дарвеши ланг", "Сирри оилавӣ" — ро тамошо карданд.
Зулфия Миршакар ба ҳамаи меҳмонони шоми эҷодӣ китоби "Маззаи асал"-ро бо соядасти худ тақдим кард.
Шоми эҷодии Зулфия Миршакар ва Валерий Аҳадов ба муносибати 25 — солагии равобити сиёсии Тоҷикистону Русия гузаронида шуд.