"Ҷоми Оқохони IV" дар ҷаҳон ягона буда, ҳар сол дар Маскав барои ба даст овардани он мусобиқаи футбол ташкил мешавад. Имсол 19 даста аз деҳаҳои гуногуни ВМКБ барои ин ҷоиза рақобат мекунанд.
Дар ин барномаи варзишӣ ҳаводорони футбол, раиси созмони иҷтимоъии "Нур" Алимамад Боймамадов, раиси созмони иҷтимоъии "Помир" Анзор Назархудоев ва раиси кулли Созмони муҳоҷирони Русия Вадим Коженов ширкат доштанд. Бозии дастаҳоро доварони пешакор аз федеросюни доварони Русия арзёбӣ мекунанд.
Алимамад Боймамадов, раиси созмони "Нур", дар суханронии худ ёдовар шуд, ки имсол мусобиқот дар чорчӯби Соли ҷавонон ва Ҷашни 60-умин солгарди Имомати Волоҳазрат Оқохони IV баргузор мешавад.
"Варзиш яке аз муҳимтарин омилҳоест, ки инсонҳоро бо ҳам меорад. Ман аз ҳамаи тамошобинон хоҳиш мекунам, ки тартиботро дар давраи сабқат риоя кунанд. Ба варзишгарон мувафаққият орзу дорам", — гуфт Алимамад Боймамадов.
Мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартак" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.