"Ҷоми Оқохони IV": рақобати нуздаҳ даста барои ҷоми футбол дар Маскав

© Sputnik / Каллиников Кирилл"Ҷоми Оқохони 4"- маросими кушодашавӣ дар Маскав
Ҷоми Оқохони 4- маросими кушодашавӣ дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Ҷоми Оқохони IV" дар ҷаҳон ягона буда, ҳар сол дар Маскав барои ба даст овардани он мусобиқаи футбол ташкил мешавад. Имсол 19 даста аз деҳаҳои гуногуни ВМКБ барои ин ҷоиза рақобат мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Нилуфар Некқадам. Дирӯз, 20 май дар майдони "Спартак" Маскав маросими ифтитоҳи мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Оқохони IV" баргузор шуд.

Дар ин барномаи варзишӣ ҳаводорони футбол, раиси созмони иҷтимоъии "Нур" Алимамад Боймамадов, раиси созмони иҷтимоъии "Помир" Анзор Назархудоев ва раиси кулли Созмони муҳоҷирони Русия Вадим Коженов ширкат доштанд. Бозии дастаҳоро доварони пешакор аз федеросюни доварони Русия арзёбӣ мекунанд.

Аслишо Акимбеков, муҷрии барнома, сараввал ҳамаи дастаҳоро ба майдон хонда, тими "Вамар"—ро ки соли гузашта дар сабқат пирӯз шуда буд, бо "Ҷоми Оқохони IV"  ба майдон даъват кард. Ғолибони порсоларо занони доирабадаст, дафзанон ба майдон бароварданд.

© Sputnik Каллиников Кирилл СимоновичДастаи "Вамар" ҷомро таҳти навои доира ба майдон бароварданд
Дастаи Вамар ҷомро таҳти навои доира ба майдон бароварданд - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи "Вамар" ҷомро таҳти навои доира ба майдон бароварданд

Доиранавозӣ дар Бадахшон яке аз расмҳои муҳимест, ки пеш аз оғози ҳар кори хайр навохта мешавад. Пас аз садо додани сурудҳои миллии Русия ва Тоҷикистон намояндагони расмӣ сухан гуфтанд.

"Аз дидори ҳамаи шумо дӯстони азиз шодам. Ман хурсандам, ки муҳоҷирон чунин барномаву мусобиқот баргузор мекунанд. Бигзор нерӯмандтарин пирӯз шавад", — гуфт раиси Федеросюни муҳоҷират Вадим Коженов.

Волейбол, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи волейболи Маскав иштирок мекунанд

Алимамад Боймамадов, раиси созмони "Нур", дар суханронии худ ёдовар шуд, ки имсол мусобиқот дар чорчӯби Соли ҷавонон ва Ҷашни 60—умин солгарди Имомати Волоҳазрат Оқохони IV баргузор мешавад.

"Варзиш яке аз муҳимтарин омилҳоест, ки инсонҳоро бо ҳам меорад. Ман аз ҳамаи тамошобинон хоҳиш мекунам, ки тартиботро дар давраи сабқат риоя кунанд. Ба варзишгарон мувафаққият орзу дорам", — гуфт Алимамад Боймамадов.

Лобинов бо раққосаҳо дар майдони "Спартак"

Қаҳрамони Русия дар рақси фри-стайл — Дмитрий Лобинов ба майдон баромада ба футболбозони дастаҳои Помир трюкҳои гуногунро нишон дод.

Пас аз намоиши футболбози рус, гулдухтарон тоқӣ ба сар бо куртаҳои сафед ва ҷуробҳои помирӣ ба майдон баромада, дар навои марғуб рақси помирӣ иҷро карданд. Ҳунарнамоии ансамбли "Нур" ва гулдухтарони дафнавоз бо кафкубиҳои пурмавҷи мухлисон анҷом ёфт.

Раҳбари созмони "Помир" Анзор Назархудоев дар ин маросим гуфт, ки барои бар по кардани чунин барономаи бузурги варзишӣ дар Маскав ба онҳо сафорати Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрдории Маскав кумак карданд.

"Ҷоми Оқохони IV" дар тақвими Маскав

"Равобити хуб бо шаҳрдории Маскав, роҳбарии федеросюни муҳоҷирон ва сафорати Тоҷикистон дар Русия имкон медиҳад, ки мо чунин барномаи густардаеро дар майдони фарох бар по кунем", — гуфт Анзор дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4 - Sputnik Тоҷикистон
“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Бино ба гуфтаи Анзор, "Ҷоми Оқохон" аз соли 2010 инҷониб дар Маскав баргузор мешавад ва сол аз сол сатҳи баргузории мусобиқот баландтар мешавад.

"Мо мехоҳем дар солҳои оянда ба ин сабқат дастаҳо аз дигар минтақаҳои Русияро низ ҷалб кунем. Ва ҳамзамон бо шаҳрдории Маскав дар бораи ворид кардани ин мусобиқа дар тақвими варзишии шаҳри Маскав гуфтушунид дорем. Имсол ба қаҳрамони мусобиқа ҷом ва ба барандагони мақомҳои дувуму севум дар баробари нишонҳо мехоҳем маблағе ҳам туҳфа диҳем", — изҳор дошт роҳбари созмони "Помир" Анзор Назархудоев.

"Вамар" — "Сохчарв"

Сабқати аввалин миёни ду даста — қаҳрамони ҷоми соли гузашта — "Вамар" ва тими "Сохчарв" баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3:1 бо пирӯзии дастаи "Сохчарв" анҷом ёфт. Дар мусобиқа дар умум 19 даста аз деҳаҳои гуногуни ВМКБ ширкат мекунанд.

Аксари бозигарон дӯстдорони ин навъи варзишанд ва танҳо ба хотири каме ҳам бошад аз зиндагии пурмашаққати муҳоҷиратӣ фаромӯш кардан ба бозии футбол машғул мешаванд.

"Мо дар як ҳафта ду маротиба машқи футбол мекунем. Албатта мешаванд ҳолатҳое, ки на ҳамаи бозигарон омада метавонанд, чун бештари онҳо кор мекунанд, вале бо вуҷуди ин кӯшиш дорем, ки аз дигар дастаҳо ақиб намонем", — гуфт яке аз аъзои дастаи "Сохчарв" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

© Sputnik Каллиников Кирилл Симонович"Вамар" - "Сохчарв"
Вамар - Сохчарв - Sputnik Тоҷикистон
"Вамар" - "Сохчарв"

Бо вуҷуди ин бозии "дӯстдорони футбол" аз ҷониби доварони касбӣ баҳои қаноатманд гирифт.

"Мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор шуда истодааст. Либосҳои варзишгарон, тӯбҳо, мусиқӣ ҳамааш дар ҷояш. Аз ҳама муҳимаш ба нишон расидан. Имрӯз бозигарон ростӣ хуб ҳаракат карданд. Ҳатто лаҳзаҳои хатарнок низ зиёд буд", — баҳо дод Виталий Чикунков, довари бозӣ.

"Вамар худзак аз чапат рост"

Мухлисон бо парчамҳо ва аксҳои махсус барои дастгирии дастаҳояшон омода буданд. Интизор буд, ки дар майдон панҷ ҳазор нафар ҷамъ шавад. Вале бештари курсиҳо холӣ буд. Аммо холӣ будани курсиҳо бозигаронро руҳафтода накард, чун мухлисони ҳузурдошта бо дафу доира омада буданд. 

Мухлисони дастаи "Вамар" бо таблҳо бозигарони худро дастгирӣ карда, ҳатто ба овозхонӣ пардохтанд. Онҳо гӯё худро дар зодгоҳашон деҳаи "Вамар" эҳсос карда бошанд, суруди машҳури халқӣ —  "Вамар худзак аз чапат рост" — ро иҷро карда, бозигаронро дастгирӣ мекарданд.

© Sputnik / Каллиников КириллМухлисони дастаи "Вамар" бо плакатҳо ва барабан
Мухлисони дастаи Вамар бо плакатҳо ва барабан - Sputnik Тоҷикистон
Мухлисони дастаи "Вамар" бо плакатҳо ва барабан

Аммо аз чӣ бошад, ки сурудхонии онҳо ба бозигарон ёрӣ надод ва дастаи "Вамар" дар ин бозӣ шикаст хӯрд.

"Ман ҳар сол бо хонаводаам ба тамошои футбол меоям. Ин рӯзро дер боз интизор будам. Ман мухлиси дастаи "Вамар" ҳастам. Ва шикасти онҳо моро руҳафтода намекунад. Мо бояд дар пастӣ ҳам бо онҳо бошем, чун  ғолиб ки шуданд, ҳама мухлисашон мешаванд. Ҳамаи ин бозиҳо барои ба ҳам овардани мардум аст. Ва ин бисёр муҳим аст. Мо доим футболбозонамонро дастирӣ хоҳем кард", — гуфт Матбуъ Боймамадов, мухлиси фаъоли дастаи "Вамар".

Фарзона Ақназарова - Sputnik Тоҷикистон
Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам

Кор, хидмат ё футбол

Ҳайъати дастаҳо ҳар сол тағйир меёбад, чун нафаре ба Тоҷикистон бармегардад, нафаре ба дигар шаҳри Русия мекӯчад ва бозигаре ба хидмати низомӣ меравад.

Муҳаммад — узви дастаи "Вамар" дар вилояти Маскав хидмати сарбозӣ мекунад ва пас аз 17 рӯз муддати сарбаозияш ба поён мерасад. Ӯ соли гузашта дар ҳайъати ин даста бозӣ карда ва имсол низ ба хотири дастгирии дӯстон ду рӯз аз хидмат рухсатӣ гирифтааст.

"Ба ман ду рӯз иҷозат доданд. Ман дирӯз омадаму пагоҳ боз ба хидмат бармегардам. Баъди 17 рӯз муддати хидмати сарбозиям ба поён мерасад", — мегӯяд бо шодӣ Муҳаммад, узви дастаи "Вамар".

Наврӯз — яке аз аъзои дастаи "Сохчарв" донишомӯзи синфи 11 аст. Ӯ аз хурдӣ ба футболбозӣ машғул аст. Аввал дар дастаи ноҳиявӣ ва акнун дар "Спартак — 2" машқ мекунад. Мегӯяд, ки майдони "Спартак" —ро мисли панҷ ангушташ аз ёд медонад.

© Sputnik / Каллиников КириллБозии "Вамар" - "Сохчарв"
Бозии Вамар - Сохчарв - Sputnik Тоҷикистон
Бозии "Вамар" - "Сохчарв"
"Ман дар ин даста ҳам ҳамлагар ҳастам ва ҳам ҳимоятгарӣ мекунам, вале имрӯз ҳамлагар будам. Мехоҳам баъди хатми мактаб касби барномасозиро аз худ кунам. Ва албатта футболбозиро идома хоҳам дод", — гуфт футболбози ҷавон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартак" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0