Тоҷикистон яке аз мақсадҳои муҳими гардишгарии исломӣ шинохта шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкХаляльная продукция
Халяльная продукция - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар 26-умин рада аз феҳристи бартарин кишварҳои гардишгарпазири ҷаҳон - Global Muslim Travel Index, ҷой гирифт.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар радабандие, ки бунгоҳи CrescentRating ва MasterCard ахиран таҳия кардаанд, Тоҷикистон бо 54,7 имтиёз 26-умин мақомро гирифтааст.

Дар ин радабандӣ авомиле чун осонии рафту омад, дарёфти раводид, амният, хадамотрасонӣ, имкони тафреҳи хонаводагӣ, кайфияти хӯроквориҳои ҳалол, дастрасии намозгоҳу масҷидҳо ва дигар омилҳо дар назар гирифта мешаванд.

Омодакунандагони ин радабандӣ кайфияти хӯроквории ҳалол дар Тоҷикистонро бо 69,5 имтиёз арзёбӣ карда ва онро бартар аз Русия (61 имтиёз) ва Туркманистон (9 имтиёз) гузоштаанд.

Дар ин радабандӣ Малайзия бо 82,5 имтиёз болонишин аст ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 76,9 имтиёз мақоми дувум ва Индонезия бо 72,6 имтиёз севумин ҷойгоҳро аз худ кардаанд.

Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Марокаш, Баҳрайн, Уммон ва Сингопур дар даҳгонаи бартаринҳо ҷой гирифтаанд. Эрон дар ин феҳрист ёздаҳум мақомро касб кардааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар 17-ум рада, Қирғизистон — дар 25-ум мақом ва Узбакистон дар 29-ум ҷойгоҳ қарор доранд. Русия 49-умин радаро аз худ кардааст.    

CrescentRating нахустин муассисаест, ки дар заминаи гардишгарии исломӣ фаъолият мекунад ва ҳарсола бо ирояи мизони рушди хадамоти сафару гардишгарии ҳалол, ба муаррифии бартаринҳои ҷаҳон дар ин замина мепардозад.

Гардишгарии исломӣ ё Halal tourism ҳамчун мақулае иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони ислом матраҳ ва ба лиҳози фиқҳӣ дар дини ислом бисёр тавсияшуда аст.  

Лентаи хабарҳо
0