Руҳонӣ: ҳамкориҳои Эрону Русия дар раванди суботу амният муъассир ҳастанд

© Фото : http://president.irҲасан Руҳонӣ ва Дмитрий Медведев. Акс аз дафтари раёсатҷумуҳрии Эрон
Ҳасан Руҳонӣ ва Дмитрий Медведев. Акс аз дафтари раёсатҷумуҳрии Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳасан Руҳонӣ равобити Эрону Русияро рӯ ба тавсеъа хонд ва таъкид кард ки Теҳрон аз густаришу жарфсозии равобит бо ҳамсояҳои минтақаӣ, аз ҷумла Маскав, истиқбол мекунад

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар дидор бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, ҳамкориҳои Теҳрону Маскав дар раванди суботу амнияти минтақа ва байнулмилал муъассир ҳастанд.

Дар ин дидор, ки бино ба иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон, душанбе шаб дар Маскав баргузор шуд, раисҷумҳури Эрон умедворӣ кард ки ҳамкориҳои Теҳрону Маскав дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва масоили байнулмилалӣ беш аз пеш густариш ёбанд.

Ҳасан Руҳонӣ гуфт: Бетардид ҳамкориҳои ду кишвар дар раванди суботу амнияти минтақа ва байнулмилал таъсироти мусбате бар ҷой гузоштаанд.

Нахуствазири Русия низ дар ин дидор Наврӯзро ба раисҷумҳур, давлат ва миллати Эрон табрик гуфт ва таъкид кард: Маскав хоҳони густариши равобит бо Теҳрон дар ҳама ҳавзаҳо аст.

Дмитрий Медведев гуфт: Ҳамакнун фазои хубе дар равобити ду кишвар ҳоким аст ва тардиде нест ки ин сафар кумаки шоёне ба жарфтар шудани равобити Маскаву Теҳрон хоҳад кард.

Ёдоварӣ мешавад, ки раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи душанбе, 27 март, барои дидори расмӣ аз Русия дар садри ҳайъати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Маскав шуд.

Вай дар ин сафари дурӯза ки ба даъвати расмии раисҷумҳури Русия анҷом мегирад, музокироти муштараке бо Владимир Путин ва мақомоти баландпояи русӣ хоҳад дошт. Интизор меравад ки дар ин музокирот муҳимтарин мавзуъҳои ҳамкориҳои дуҷониба, масоили минтақаӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Қарор аст дар ҷараёни ин сафар Русия ва Эрон чанд санади ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқӣ ва қазоӣ, роҳу шаҳрсозӣ, фанноварӣ ва иртиботот, нерӯ ва энержӣ, гардишгарӣ, варзиш ва мувофиқатномаҳое низ барои ҳамкории бахшҳои хусусии ду кишвар имзо шавад.

Лентаи хабарҳо
0