ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми Минтақаи низомии марказии Русия, низомиёни тоҷику рус дар ин размоиш роҳу равишҳои ҳамоҳангсозии нерӯҳо дар пайкор бо гурӯҳҳои тундраву ҷангҷӯйро озмоиш хоҳанд кард.
Дар иттилоъияе ки аз ин ниҳод дарёфт кардаем, гуфта мешавад: "Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон дар ин размоиш роҳу равшиҳои барномарезӣ ва мудирият дар пайкору набард бо гурӯҳҳои шартии мусаллаҳро озмоиш мекунанд".
Ин размоиш аз имрӯз то 30 март идома хоҳад дошт.
Пештар хабар дода шуд, ки нерӯи ҳавоии пойгоҳи 201 дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" партоби мушакҳои ҳидоятнашаванда ба ҳадафҳои заминӣ ва бумборони корвонҳо ҳангоми ҳаракат, паноҳгоҳҳо ва анбори ҷангафзорҳои гурӯҳҳои тундрави ҳаросафканро тамрин кард.
Ҳамчунин нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар размоише бо низомиёни амрикоӣ равишҳои пайкор бо гурӯҳҳои тундраву ҳаросафкани байналмиллалиро тамрин мекунанд.
Гуфта мешавад, ки размоиш аз 27 март то 7 апрел баргузор шуда дар он 150 намоянда аз вазорати дифоъи ИМА ва 100 намоянда аз нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.