Мулоқоти Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии ИА

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироджиддин Аслов, архивное фото
Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карда

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид мулоқот кард.

16 майи соли 2017 дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд.

"Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карданд",- омадаст дар хабар.

Шестое заседание Совета по сотрудничеству между Республикой Таджикистан и Европейским Союзом - Sputnik Тоҷикистон
Иштироки Аслов дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо

Аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд. С.Аслов ва Ҳ.Шмид оид ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назари судманд доштанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи амалии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2030, инчунин ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028 изҳори умедворӣ кард.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0