Иштироки Аслов дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо

© Фото : МИД РТШестое заседание Совета по сотрудничеству между Республикой Таджикистан и Европейским Союзом
Шестое заседание Совета по сотрудничеству между Республикой Таджикистан и Европейским Союзом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласа масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, ҳуқуқи инсон ва мавзӯъҳои байналмиллалӣ баррасӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Имруз дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.

Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Малта Георг Велла, ҳамчун намояндаи кишвари раисикунандаи Иттиҳоди Аврупо, роҳбарӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

Дар ҷаласа масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, ҳуқуқи инсон ва мавзӯъҳои байналмиллалӣ баррасӣ гардид.

"Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо рафти рушди ҳамкориҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иқдомҳои оянда оид ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳоро муҳокима намуданд",-  гуфта мешавад дар хабар.

Евро, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 36 миллион евро ҷудо мекунад

 Самтҳои асосии ҳамкорӣ, ҳолати муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи Стратегияи миллии рушд ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, мавзӯи об ва энергетика, масъалаҳо доир ба амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идома додани ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ҳавасмандии худро тасдиқ карданд.

Лентаи хабарҳо
0