ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Бино ба иттилоъи роҳбари маркази минтақавии СММ дар Осиёи Марказӣ Петко Драганов, дабири кулли Созмони милал моҳи июн ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Ба қавли ӯ, маркази минтақавии СММ ин сафари дабири куллии СММ-ро ба хотири ҷалби ҷаҳон ба "мушкилоти кишварҳои Осиёи Марказӣ" якбора ба панҷ кишвари ин минтақа дархост кардааст.
"Ин нишони диққати зиёди роҳбарияти СММ ба минтақа ва омодагӣ барои ҳалли мушкилоти осиёи марказӣ мебошанд",-гуфт сиёсатмадор.
Драганов ҳамчунни хабар дод, ки вақтҳои охир маркази минтақавии СММ оиди мушкилоти дараҷаи аввали минтақа мизҳои мудаввар баргузор ва зиёда аз 1 ҳазор коршиносони соҳаҳои гуногунро момода кардааст.
"Дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои аз байн бурдани ихтилофот ва наздикшавии мавқеъҳо гуфтугӯҳо доир шуд",- гуфт роҳбари марказ.
Маркази минтақавии СММ барои осиёи марказӣ дар бастагӣ бо афзоиши хатари тетуризм дар минтақа бо ибтикори Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, туркманистон ва Узбакистон ташкил карда шуд.
Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ин марказ истифодаи боадолатонаи сарватҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамчунин ин ниҳод рӯи мушкилоти хушкшавии баҳри Арал ва пешгирии офатҳои табиӣ кор мекунад.