25 сол аст, ки Тоҷикистон аъзои СММ гаштааст

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРаисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Санаи 2-уми марти солиҷорӣ 25 соли пурра шудааст, ки Тоҷикистон аъзои СММ гашта буд. Ба ин муносибат раисҷумҳури Тоҷикистон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш мактуби табрикотӣ равон карда, аз СММ низ, мактуб гирифтааст

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik.Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Дабири кулли СММ ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ равон карда, ба муносибати 25-солагии узвияти Тоҷикистон ба ин созмон муборакбод намудааст.

"Ман аз дастгирии Ҳукумати шумо аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипоси беандоза мекунам. Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст. Ман шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро инчунин ба муносибати таҷлили 20-солагии истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ табрик мегӯям",-омадааст дар табрикоти Гутерреш.

Анҷелина Ҷолӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Анҷелина Ҷолӣ мехоҳад дабири кулли СММ шавад

Ба гуфтаи ҷаноби  Мануэл ди Оливейра Гутерреш, Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ба ҳайси шарики сулҳ ва рушд эътироф мекунад.

Дар хотима дабири кулли СММ изҳор доштааст, ки ин созмон дар оянда низ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон низ ба ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барқияи табрикотӣ ирсол намуда, ба муносибати ҳамкориҳои 25-солаи миёни Тоҷикстону СММ шодбош гуфта буд.

Лентаи хабарҳо
0