"Сӯхтор" дар Сирки давлатиро чаҳор дастаи оташнишонӣ "хомӯш" кард

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкТушение пожара, архивное фото
Тушение пожара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои хомӯш кардани оташсӯзӣ дар сохтмони Сирки давлатӣ чаҳор дастаи оташнишон сафарбар карда шуд

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми Вазорати умури дохилаи ҶТ, кормандони Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз оташсӯзӣ дар сохтмони Сирки давлатӣ омӯзиши оташнишониро баргузор карданд.

Кормандони созмони оташнишонӣ бо истифода аз чаҳор худрави оташнишонӣ сӯхтори шартӣ дар сохтмони Сиркро хомӯш карданд.

"Сӯхтори шартӣ дар саҳнаи Сирк дар масоҳати 90 метри мураббаъ рух дод. Дастаи оташнишонон пас аз огоҳ шудан аз оташсӯзӣ фавран ба маҳалли сӯхтор расид ва ҳунармандону кормандон ва ҷонваронро аз сохтмони оташгирифта ба ҷойҳои амн кӯчониданд", — омадааст дар хабарнома.

Коранди хадамоти оташхомӯшкунӣ дар Норвегия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зеботарин оташхомӯшкуни ҷаҳон дар Норвегия зиндагӣ мекунад

Гуфта мешавад, ки бо истифода аз воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторхомушкунӣ, нақлиёту гидрантҳои оташнишонӣ сӯхтори шартиро дар масоҳати аввалааш бе паҳншавӣ хомӯш намуданд.

Дар умум дар Сирки давлатӣ 130 нафар ҳунармандону кормандони техникӣ кору фаъолият менамоянд.

Коршиносон ҳамчунин бо ҳунармандону коргарон ва дастаҳои идоравии оташнишонии Сирк оид ба омилҳои сар задани сӯхтор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор сӯхбатҳои судманд доир карданд.

Сардори Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон сарлашкари нерӯҳои интизомӣ Нозимҷон Иброҳимзода ба оташнишонони фаъол ҳадяҳои ёдмон тақдим кард.

Лентаи хабарҳо
0