Зеботарин оташхомӯшкуни ҷаҳон дар Норвегия зиндагӣ мекунад

© Sputnik / Жоомарт УраимовКоранди хадамоти оташхомӯшкунӣ дар Норвегия. Акс аз бойгонӣ
Коранди хадамоти оташхомӯшкунӣ дар Норвегия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба саҳифаи Instagram-и зани оташхомӯшкун 50 ҳазор нафар обуна шудаанд. Ӯ дар нуздаҳсолагиаш касби оташхомӯшкуниро интихоб кардааст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Гунн Нартен аз Норвегия дар саҳифаи Instagram чун зани зеботарини оташхомӯшкун дар дунё дониста шуд, менависад РИА Новости бо такя ба The Daily Mail.

Нартени 30-сола  дар баробари  кор дар хадамоти оташнишонӣ ба машқи бадан низ машғул мешавад. Ӯ қайд кардааст, ки касби оташхомӯшкуниро ҳанӯз дар синни 19-солагӣ интихоб кардааст, чун кор дар гурӯҳ ва зиндагии фаъолро дӯст медорад.

 

 

"Вақте ман дар хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ба кор шурӯъ кардам, модарам бо ҳайрат гуфт, барои чӣ? Ман ҷавоб додам: "Чаро не?",-қайд мекунад зани оташнишон.

 

 

Мардум аз касби интихобкардаи ӯ ҳайратзада мешаванд.

 

 

"Ба фикри ман оташхомӯшкун будан ин кори оддӣ аст. Рафиқонам мегӯянд, ки ман "шӯхиҳои мардона" дорам ва фикр мекунанд, ки ман аз дигар духтарон дида чақонтарам",-нақл кард Нартен.

Ба  саҳифаи Instagram-и Нартен 50 ҳазор нафар обуна шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0