ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Ин китоб, ки дар бораи зиндагии муҳоҷирон дар Русия нақл мекунад, ба қалами нависандаи машҳур, узви Шурои нависандагони ИҶШС Мусо Муродалиев тааллуқ дорад.
Ба қавли ӯ ширкаткунандагони маросим натанҳо ба муҳтавои китоб, балки ба масъалаҳои фарҳангӣ, арзишҳои динӣ, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ тезу тунд шуда буд, баҳои баланд доданд.
Дар китоб асосан зиндагии муҳоҷирон, мушкилоти ҷустуҷӯи арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ бештар аз пеш мубрам шудаанд, дарҷ гардидааст.
Нависанда дар китоби худ масъалаи муҳоҷиратро ба пуррагӣ мавриди баҳс қарор додааст.
Мусо Муродалиев — нависандаи даврони Шуравӣ буда ва асолатан қирғиз аст.
Асарҳои Муродалиев ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума карда шудаанд. Тирамоҳи соли гузашта дар Маркази ба номи Всеволод Мейерхолд мюзикли "СВАН" муаррифӣ шуд. Ин намоишномаи комедӣ дар бораи дарёфти шаҳрвандии Русия нақл мекунад.