ДУШАНБЕ, 14 май — Sputniк. Дар минтақаи ҷанубу ғарбии Туркия автобуси гардишгарӣ дучори садама шудааст.
Бино ба додаҳои ВВС, бештари мусофирон сокинони маҳаллӣ аз шаҳри Измир будаанд. Аксарияти онҳо занон ва кӯдакон буда, ки барои гардиши якрӯза ба шаҳри Мармарис мерафтаанд.
Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистонӣ дар минтақаи Муғла — Мармарис автобус дар гардише ба дара сарозер шудааст. Бино ба иттилоъи расонаҳои маҳалллӣ, автобус ба жарфои 15-метрӣ афтода ва бо худрав бархӯрдааст.
Дар паи садама 23 кас кушта ва ҳашт кас захмҳои гуногун бардоштанд. Пизишкон вазъи захмиёнро бад арзёбӣ кардаанд.
Death toll in a bus accident in the resort district of #Marmaris located in the #Aegean province of #Muğla has risen to 23#Turkey
— Mete Sohtaoğlu (@metesohtaoglu) 13 мая 2017 г.
Ба гуфти устондори Муғла Амир Чечек, сабаби аслии садама то ҳол маълум нест. Эҳтимол меравад, ки ронанда фармони автобусро аз даст дода ва ё дар гардиш яке аз чархҳои автобус аз кор боз мондааст.
"Эҳтимолан ҳангоми гардиш бо сабабҳои фаннӣ автобус сарозер шудааст", — мегӯяд муовини устондор Комил Кӯтен.
Ба гуфти ӯ аксарияти кушташудагон занони миёнсол буданд.
Bus crash near Turkey's Marmaris kills 23 people https://t.co/BIkYI0x14p pic.twitter.com/kIS9iJiWDL
— Nichodemus Mwania (@nichomaingi) 13 мая 2017 г.
Раисҷумҳури Туркия ба наздикон ва хешовандони кушташудагон таслият арз карда аст.
"Ман аз садама дар Мармарис, ки боиси марги шаҳрвандони зиёд шуд, бисёр ғамгинам. Ба хешовандон ва аҳлу оилаи кушташудагон таслият арз мекунам ва ба захмишудагон шифои комил орзу дорам", — омадааст дар номаи таслияти Раҷаб Тайиб Ӯрдуғон.
Ӯрдуғон изҳори боварӣ кардааст, ки мақомоти дахлдор дар муддати кӯтоҳ пайомадҳои садамаро бартараф мекунанд.