ДУШАНБЕ, 14 май — Sputniк. Овозхони португалӣ дар бахши ниҳоии озмуни овозхонӣ "Евровидение-2017", ки дар шаҳри Киев баргузор шуд, бо иҷрои суруди Amar Pelos Dois мақоми аввалро соҳиб шуд.
Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости дар натиҷаи овоздиҳии доварон ва тамошобинон сарояндаи португалӣ холи бештаринро (758) гирифтааст.
Мақоми дуюм бо гирифтани 615 хол насиби овозхони 17-солаи булғорӣ Кристиан Костов гардид. Ҷои сеюмро бо дарёфти 374 хол гурӯҳи овозхонии SunStroke Project аз Молдова аз худ карданд.
Ёдовар мешавем, ки омодагии Русия ба ин озмуни бонуфуз аз аввал мушкил буд. Ахиран мақомоти Украина ба Юлия Самойлова, ки бояд аз номи Русия ҳунарнамоӣ мекард вурудашро ба ба Украина ба муддати се сол баст. Сабабашро мақомоти Украина дар ҳунарнамоии ӯ дар Қрим мегӯяд.
Роҳбари кулли Шӯрои Урупо Ингрид Делтене бо таассуф иброз дошт, ки озмунро барои "бозиҳои сиёсӣ" истифода мекунанд.
"Озмун бояд ҳазорон дилро шод кунад, халқҳоро ба ҳам наздик кунад на ҷудо",-гуфт ӯ.