“Халқи тоҷики ман”: Раисҷумҳури Доғистон дар бораи тоҷикон китоб навишт

© SputnikРунамоии китоби Рамазон Абдулатипов
Рунамоии китоби Рамазон Абдулатипов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Китоб дар бораи таърихи тӯлонӣ ва рушди халқи тоҷик аз бостон то ин замон нақл мекунад

ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik.  Раисҷумҳури Доғистон Рамазон Абдулатипов китоби худро дар шаҳри Душанбе рунамоӣ кард.

Дар маросими ботантана дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбеков, Сафири фавқуллода ва мухтори ФР дар Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов  ва дигарон иштирок дошатанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Доғистон - Sputnik Тоҷикистон
Дидори Раҳмон бо Абдулатипов: доғистониҳо тоҷиконро забонӣ русӣ ёд медиҳанд

"Ман хушбахтим, ки якҷая бо шумоён дар Тоҷикистони азизам қарор дорам. Ман доим бо тоҷикон муносибати хуш доштам ва аз онҳо низ ҳамин гуна ҷавоб дидам",- гуфт дар суханронии хеш Абдулатипов.

Ба гуфтаи вай китоби "Халқи тоҷики ман" ба фарҳанг ва анъанаҳои миллати тоҷик бахшида мешавад, ки тавонистаанд ҳуввияти худро нигоҳ доранд ва баробари он бо халқиятҳои дигар наздик бошанд.

"Дар умум китоби зебое навишта шуд, ки дар бораи таърихи чандасраи халқи тоҷик ва бурду бохти миллат нақл мекунад.  Миллати тоҷик роҳу пурпечутоберо тай намудааст, зеро ин ҷо халқиятҳои гуногуне ба монанди кӯчманичиён иқомат доштанд.  Дар китоб равандҳои ҳазорсолаи минтақаҳо ва халқиятҳои Тоҷикистон дарҷ ёфтаанд",- нақл кард дар бораи асари хеш раисҷумҳури Доғистон.

Ёдовар мешавем, ки Рамазон Абдулатипов ҳоло бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.  Пештар вай бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда буд.

Илова бар ин, Абдулатипов дар давоми 4 сол вазифаи Сафири фавқуллода ва мухтори Русияро дар Тоҷикистон адо мекард.  Ӯ асарҳои дигаре низ бо номи "Халқи руси ман", "Халқи қирғизи ман" ва "Халқи белоруси ман"  навишта кардааст.

Лентаи хабарҳо
0