“Сангпуштcell ё Tcell”: шикояти пойтахтнишинон аз хадамоти Tcell

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Tcell в Душанбе, архивное фото
Здание Tcell в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳе аз аҳолии шаҳри Душанбе норизоии худро аз суръати кунди интернети Tcell изҳор карда аз хидматрасонии ин ширкат шикоят кардаанд

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputniк. Бархе аз пойтахтнишинон аз хадамоти телефони ҳамроҳи Tcell ва бархе дигар аз хидматрасониҳои интернети он гилаву шикоят доранд.

Рӯзноманигор Хилватшоҳ Маҳмуд дар сафҳаи фейсбукияш аз кайфияти пасти интернети ин ширкат шикоят карда навиштааст: "Тавба аз "дастовардҳои фанноварӣ" дар асри 21 ва он ҳам аз Tcell".

"Дар хона агар аз телефон ба интернет ворид шуданӣ бошам, ба айвон (балкон) баромада, сарамро аз тиреза берун мекунам. Дар ҳеч як гӯшаи дигар аз хона ба интернет дастрасӣ пайдо карда наметавонам", — навиштааст вай.

Дигар корбарон гилояи Хилватшоҳ Маҳмудро дастгирӣ карда навиштаанд, ки ин мушкилро на танҳо Tcell, балки куллан системи мухобиротии Тоҷикистон ҳам дорад.

© Фото : Аз саҳифаи фейсбукШикояти сокинони пойтахт аз хизматрасоинҳои Tcell
Шикояти сокинони пойтахт аз хизматрасоинҳои Tcell - Sputnik Тоҷикистон
Шикояти сокинони пойтахт аз хизматрасоинҳои Tcell

"Тоҷикистон алоқаи хуб надорад. Бо Олмон, бо Амрико, бо дигар кишварҳо гуфтугӯ мекунӣ, як дам ҳам намечаспад. Ба Тоҷикистон дар як дақиқа ё овоз нест ё видео шах мешавад", — навиштааст яке дигар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ.

Корбарони дигар роҳи ҳаллро дар насби WiFi  мебинанд ва мегӯянд, ки истифодаи он ҳам арзон асту ҳам осон.

"Дар шаҳри Новосибирск 4 сол боз оператори Yota-ро ба кор мебарам. 400 дақиқа интернети 4G дар моҳ ройгон дар саросари Русия ва боз дар дохили шабака тамосҳои номаҳдуд бо ҳазинаи куллии 290 рубл".

На танҳо интернет, балки иртибот ҳам  нест

Аҳолии шаҳри Душанбе на танҳо аз интенети Tcell, балки аз иртиботи телефонии он ҳам шикоят доранд. Аҳолии маҳаллаи километри 7-ум мегӯянд, як сол мешавад, ки онҳо иртиботи телефонии хуб надоранд.

Кор бо ноутбук. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интернет дар Тоҷикистон шӯҳрати худро гум мекунад

"То аз хона набароям, ё сарамро аз тиреза берун накунам овози ҳамсуҳбатам шунида намешавад. Ин вазъ беш аз як сол боз давом дорад", — гуфт яке аз аҳолии хиёбони Айнӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Сокинони ин маҳалла мегӯянд, ки борҳо ба масъулини ширкати Tcell муроҷиат карда ва арза ҳам навиштаанд, вале аз онҳо хабаре нест.

"Вақте мо муроҷиат кардем, гуфтанд, ки тирчӯби мухобиротии маҳаллаи мо хароб шуда ва бояд онро таъмир кард. Ваъда доданд, ки дар муддати кӯтоҳ ин мушкили фанниро бартараф мекунанд, вале ҳануз ҳам мо иртиботи телефонии хуб надорем", — гуфт сокини маҳаллаи километри 7-ум дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Корбарони фаъоли интернет ҳатто иддиъо доранд, ки номи ширкати мобилии Tcell-ро иваз карда ва онро Сангпуштcell номанд.

Бино бар омори Кумисюни СММ дар умури иртибототу интернет дар соли 2016 Тоҷикистон аз рӯи теъдоди корбарони инфиродии интернет дар ҷойи 149-ум қарор дошт. Коршиносон чунин вазъи иртибототро дар Тоҷикистон ба гаронии интернет ва камбуди коршиносон рабт доданд.

Саҳифаи иҷтимоии Фейсбук. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интернети гарон ё чаро Тоҷикистон дар ҷойи 149-ум аст

Як манбаъ дар TOJNET далели дар чунин сатҳи паст қарор гирифтани Тоҷикистонро гаронии нархи хадамоти интернет дар кишвар донист.

"Мо интернетро аз Русия мехарем ва он ба кишвари мо аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон интиқол меёбад. Аз ин рӯ, хадамоти интернет то аз ин роҳ ба Тоҷикистон мерасад, ки нархаш гарон мешавад", — таъкид кард намояндаи ширкат.

Ба гуфти ӯ, мушкилоти дигар — нарасидани коршиносон аст. "Аксари хатмкунандагони донишгоҳҳо дар ширкати мо ҳангоми навиштани корҳои курсӣ ва дипломӣ коромӯзӣ мекунанд. Тааҷҷубовар аст, ки мавзуъҳои интихобкардаи онҳо кӯҳна ҳастанд. Магар устодон наметаовнанд ба онҳо мавзуъҳои мубрами имрӯзро пешниҳод намоянд?", — мепурсанд дар TOJNET.

Дар ширкати Saturn низ сабаби асосиро дар гарон будани нарх мебинанд, вале дар баробари ин таъкид карданд, ки мавқеъи ҷуғрофиёӣ ва кӯҳистонӣ будани сарзамини Тоҷикистон низ барои паҳн кардани интернет дар қаламрави кишвар мушкил эҷод мекунанд.

"Барои насби интернет дар рустоҳо, сармоягузорӣ лозим аст, ки бояд боздеҳ дошта бошад. Ин ҳазинаҳо нархи интернетро низ гарон мекунанд", — гуфт ба Sputnik манбаъ дар Saturn.

Ёдовар мешавем, ки масъулини ширкат моҳи апрел хабар дода буданд, ки Бунёди тавсеъаи иқтисодии Оқохон (Aga Khan Fund for Economic Development, AKFED) бо хариди 60 дарсади саҳоми "Tcell" аз ширкати суедии "Telia" ягона саҳомдори ин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон мешавад.

Маблағи ин қарордоди хариду фурӯши 60 дарсад аз саҳом 27,7 милюн дулори амрикоӣ буда, уҳдадориҳо ё бидеҳиҳои молиётии ширкатро ҳам дар бар мегирад. Арзиши қарордод бар пояи арзиши куллии ин ширкат баровард шуда, ки он 46,2 милюн дулор арзёбӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0