Интернет дар Тоҷикистон шӯҳрати худро гум мекунад

© SputnikКор бо ноутбук. Акс аз бойгонӣ
Кор бо ноутбук. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумоти хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет дар кишвар нисбат ба моҳҳои аввали соли 2015 миллион нафар кам гардидааст.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон нисат ба моҳҳои аввали соли 2015 шумораи истифодабарандагони интернет ба миллион нафар кам гаштааст, хабар медиҳад, Хадамоти алоқаи ҶТ.

Қайд мегардад, ки аз аввали соли 2016 шумораи истифодабарандагон то 200 ҳзр. кам гардидааст.

Дар Хадамоти алоқа хабар доданд, ки дар Тоҷикистон  аз ҳар 100 нафар истиқоматкунанда танҳо 34 нафарашон аз  интернет истифода мебаранду халос.

Ҳамин тавр, дар ҳоли ҳозир шумораи умумии истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ ба 2,8 млн. нафар мерасад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар рӯйхати рейтинги  кишварҳои ҷаҳон аз рӯи шумораи истифодабарандагони интернет, Тоҷикистон дар ҷои  114-ум қарор гирифт буд.

Дар хати пеши рейтинг аз ҷиҳати истифодабарандагони интернет Чин қарор гирифта, шумораи юзерҳояш-52,2% мебошад. Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо нишондоди (34,8%). Сегонаи аввалро ИМА бо шумораи  (88,5%) ба охир мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0