Раисҷумҳури Доғистон бо Эмомалӣ Раҳмон дидор мекунад

© NewsTeam / Гузариш ба медиабонкГлава республики Дагестан Рамазан Абдулатипов
Глава республики Дагестан Рамазан Абдулатипов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов бо сафари серӯза ба пойтахти Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов имрӯз бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Чуноне ки дар сафорати Русия дар Душанбе ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, раисҷумҳури Доғистон бо сафаре серӯза ба пойтахти Тоҷикистон омадааст.

Қарор аст, ки Рамазон Абдулатипов имрӯз бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ кунад.

Раисҷумҳури Доғистон 11 май дар Хуҷанд бо раҳбарони вилояти Суғд низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Дар паи ин мулоқот санадҳои ҳамкорӣ миёни Суғд ва бархе вилоятҳои Доғистон имзо хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0