Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Неругоҳи барқӣ обии Роғун

© Фото : Официальный сайт президента РТЭмомалӣ Раҳмон дар майдони сохтмонии НБО Роғун, акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар майдони сохтмонии НБО Роғун, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба НБО Роғун пеш аз ҳама бо корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ шинос шуд ва бо мутахассисони нерӯгоҳ суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун ба ин шаҳр сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонии нерӯгоҳ шинос шуда, бо муҳандисону кормандони фаннии сохтмон мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, шиносоии Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолати имрӯзаи мавзеъи бастани маҷрои рӯд ва ҷараёни  бунёди пешдарғоти болоӣ оғоз ёфт.

Майдончаи сохтмонии НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон бехатарии бунёди НБО Роғунро муҳокима мекунанд

Чуноне ки ба раисҷумҳур иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии корҳои пешдарғот 2,7 милюн метри мукаабро ташкил медиҳад.

Саддсозони ширкати "Салини Импреҷило" пас аз тағйири маҷрои рӯд, бештар аз 2 милюн метри мукааб омехтаи сангу шағал дар ҷои пешдарғот рехтаанд. Ҳамакнун дар як шабонарӯз аз 23 то 26 ҳазор метри мукааб маводи сарбанд ба пешдарғоту дарғоти навбати аввали нерӯгоҳ рехтаву устувор карда мешавад.

Ба гузориши масъулони НБО "Роғун", ҳамзамон бо иҷрои корҳои заминӣ, афзорҳои санҷишӣ-андозагирӣ низ васлу насб карда мешаванд. Чунончи, то кунун дар сарбанди нерӯгоҳ 47 афзори санҷишӣ-андозагирӣ васлу насб гардидааст.

Тарҳу фанноварии сохтмони пешдарғот талаб мекунад, ки дар бунёди он 32 ҳазору 200 метри мураббаъ масолеҳи сохтмони геомембрана, ки дар кишварҳои Урупо истеҳсол карда мешавад, ворид карда шудааст.

Геомембрана дар қисмати пеши дарғот қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводҳо ва қабатҳои ҳимоявӣ насб карда мешавад, ки барои нагузаштани об пешбинӣ шудааст.

Айни замон корҳои васлу насби геомембрана дар сарбанд идома дошта, то ба имрӯз ба масоҳати зиёда аз 18 ҳазор метри мураббаъ пурра васлу насб гардида, пайваст кардани дарзҳо идома дорад. Хобонидани ин мавод, ки зиддиполоишӣ мебошад, имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад. Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввал мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО "Роғун"  дастур дод, ки қабл аз ҳама ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин "Кохи нур" ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи

пешдарғоти НБО "Роғун", президент бо натиҷаи корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии-Т22 шиносоӣ пайдо кард.

Хабар дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22, ба итмом расида, дар маҷмӯъ корҳои нақбканӣ 157 286 м3, дар ҳаҷми 32 865 м3 метри мукааб ҳобонидани бетони конструктивӣ иҷро гардидааст. Айни замон кашонидани сангу шағал ба воситаи нақби мазкур барои бунёди пешдарғот идома дорад. Дарозии нақби мазкур дар маҷмӯъ (Т-22, Т-22I ва Т-22II) 600 метри тулонӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби 14 ҳазор мутахассис ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0