ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Душанбе конфронси байналмиллалии ил
мӣ-амалии "Бехатарии сейсмологии Осиёи Марказӣ" баргузор мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Академияи илмҳои ҶТ.
Чорабинӣ дар санаҳои 25-27 август дар Китобхонаи милии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Иштирокдорони конфронс монитогинги сейсмикиро дар давлатҳои Осиёи Миёна баргузор мекунанд, таҷрибаҳои худро дар коҳиш додани хатари зилзилаҳои байнисарҳадӣ мубодила мекунад, ҳамчунин дурнамои ташкил додани низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологиии Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин олимон ба масъалаи паст намудани хатари сейсмологӣ дар шаҳрҳои калон назар меандозанд.
Аз ҳама муҳимаш барои олимон ин баррасӣ намудани масъалаи бехатарии бунёди сарбанди баланд ва силсиланерӯгоҳҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла сохтмони НБО Роғун мебошад.
Сохтмони сарбанди НБО Роғун ба якчанд солҳо марбут бо мухолифатҳо дар ин масъала бо мақомоти Ӯзбакистон ба таъхир гузошта шуда буд. Дар Ӯзбакистон мегӯянд, ки шояд ҳангоми заминларза сарбанд рахна шавад.
Тоҷикистон ин хавфи Тошкандро беасос мешуморад ва барои ин дигар НБО-ҳои дар кишвар амалкардаистодаро бо ин баландӣ сарбандҳояшон мисол меорад.