Эмомалӣ Раҳмон: Ҷашни Ғалаба барои халқи тоҷик санаи муҳим ва фаромӯшнашаванда аст

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими Рӯзи ғалаба дар пойтахт
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими Рӯзи ғалаба дар пойтахт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чуноне ки раисҷумҳур қайд кард, Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро фарзандони фарзонати халқи тоҷик низ дар қатори дигар миллатҳо ба хотири ғалаба мубориза бурдаанд

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавӣ бахшида ба 72-умин солгарди Рӯзи ғалаба суханронӣ карда, собиқадорони ҷангро муборакбуд намуд ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар ин Ғалаба ёдовар шуд.

"Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад",- қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо Рӯзи ғалаба муборакбод гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ғалабаи бузургро натиҷаи дӯстии халқҳо номид, ки он муборизаи дастаҷамъона ва намунаи олии ватандӯстии халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан ва озодӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки дар дар ҶБВ баробари дигар халқиятҳо фарзандони фарзонаи тоҷик низ дар майдони набард ба ҷанг баромадаанд ва барои озодӣ аз фашизм мубориза бурдаанд.

"Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳо шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани карзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст",- ёдовар шуд раисҷумҳур.

Аз ин ру, таъкид дошткишвардор, пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Лентаи хабарҳо
0