ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Иди зафар муборакбод гуфт.
Владимир Путпн дар номаи табрикотии хеш қайд кард, ки Рӯзи ғалаба- санаи муқаддас ва рамзи қаҳрамонии беҳамтои падарон ва бобоёнамон аст, ки ба хотири наҷот додани ватани худ аз фашизм ҷангидаанд.
Раисҷумҳури Русия қайд кард, ки беҳтарин арҷгузорӣ назди ҷанговарон- ин муборизаи муштараки зидди ҳар гуна кӯшишҳои таҳрифи таърих ва сафедкунии фашизм ва миллатгароӣ мебоашд.
Ҳамчунин, Владимир Путин тамоми собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистонро муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ ва умри дароз таманно кард.