ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik, Дмитрий Матвеев. Мабат Одинаев аз соли 2008 инҷониб дар Маскав зиндагӣ ва кору фаъолият дорад. Ӯ аз паси падараш ба Русия омада то имрӯз ба мувафаққиятҳои бузург ноил радидааст.
Мабат дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ қувваозмоӣ мекунад ва варзишгарони русро машқ медиҳд. Sputnik Тоҷикистон бо варзишгари тоҷик вохӯрда дар бораи зиндагӣ ва кору фаъолияташ суҳбат кард.
Мабат Одинаев 7 июни соли 1992 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. То 16-солагӣ Мабат дар ватанаш ба сар мебурд. Дар соли 2008 ӯ ба Маскав омад. Ба қавли Мабат волидонаш ҳанӯз солҳои 1999-2000 ба Русия кӯч баста буданд. Падари ҷавони тоҷик барои кору фаъолият ба Русия омада ва дар ширкати сохмонӣ ба кор шурӯъ кард. Баъди чанде Мабат низ аз паси падараш ба Маскав омад.
Забони русиро ҷавони тоҷик то омадан ба Русия аз худ када буд барои ҳамин ҳангоми суҳбат бо ҳаммаслакони русаш мушкилӣ пеш наомад. Бу гуфти Мабат ӯ ҳануз дар Тоҷикистон ҷиддӣ бо варзиш машғул буд. Падараш ӯро ба клуби карате дода буд.
"Ин намуди варзиш ба ман бисёр писанд уфтод. Ман аллакай соҳиби камарбанди кабуд дар риштаи карате ҳастам. Баъди чанде ба самбо машғул шудам. Дар ин риштаи варзишӣ ман номзад ба мураббии варзиш ҳастам",-нақл кард варзишгар.
Баъди чанде Мабат муҳорибаҳои омехтаро низ барои худ кашф кард. Баъди ба Русия омадан ӯ дар варзишкадаҳои гуногун машқ мекард. Вохӯрӣ бо асосгузори варзишкадаи Pamir Fighters Адим Шаҳбозбеков барои варзишгари тоҷик қадаме ба сӯи мувафаққият шуд. Др варзишкадаи Адим бародарзодаи Мабат-варзишгари касбӣ машқ мекард. Ӯ Мабатро ба мастер-класс даъват кард. Ба қавли Мабат ӯро касбияти варзишгарони ин даргоҳ дар ҳайрат гузошт.
"Ман ба машқкунӣ шурӯъ кардам ва маҳз дар ин варзишкада дар фаъолияти варзишии ман размҳои касбӣ пайдо шуданд",-мегӯяд Мабат.
Ба қавли ҷавони тоҷик ӯро волидонаш бисёр дастгирӣ карданд ва то ба майдони касбӣ баромадаш ӯ кор намекарду танҳо ба машқи бадан машғул мешуд.
"Онҳо кайҳо боз дар Маскав кору фаъолият мекунанд. Барои ҳамин маш мушкилиеро ҳис накардам. Ман имкон доштам танҳо ба варзиш машғул шавам",-шарҳ медиҳад варзишгари ҷавон.
Акнун Мабат қаҳрамони мутлақ дар чанд риштаи варзишӣ аз қабили самбо, панкратион ва ғайраҳо мебошад. Чун Мабат аллакай варзишгари касбист, даромади ӯ низ танҳо аз ҳамин соҳа ба даст меояд. Дар пайи машқи ҳаррӯза ва вазнин Мабат аз фикри гирифтани маълумоти олӣ дур шуд.
Вале ӯ мураббии варзиш аст ва ба ҷавонони рус тарзи ҳаёти солимро меомӯзонад. Дар гурӯҳи ӯ зиёда аз даҳ нафар машқ мекунанд.
"Асосан ҷавонони рус дар назди ман машқ мекунанд. Нафаре ҳам аз Тоҷикистон нест",-шарҳ дод варзишгар.
Варзишгари ҷавон аллакай таҷрибаи кории мураббигӣ дорад ва дар оянда мехоҳад дар ин ришта диплом ба даст биёрад. Ӯ нақша дорад ба донишгоҳ дохил шавад ё аз курсҳои кӯтоҳмуддати варзишӣ гузарад.
Мабат меӯяд барои сарватманд шудан дар Русия инсон бояд шабурӯз кор кунад.
"Фақат меҳнат. Шабурӯз кор кардан. Дар ин сурат дорои ҳамаи чиз мешавӣ",-бовар дорад Мабат.
Мабат бародар дорад, ки ду сол аз ӯ хурдтар аст. Ӯ дар Маскав дар риштаи барномасозӣ таҳсил мекунад. Варзишгар ҳамчунин дӯстони зиёде дорад, ки онҳоро низ бародар меномад.
"Мо қариб ҳар рӯз бо онҳо вомехӯрем",-илова кард варзишгар.
Мабат то ҳол шаҳрвандии Русияро надорад вале дар нақшааш ҳаст. Агар инсон хоҳад дар оянда дар Русия муваффақ шавад пас шаҳрвандӣ лозим аст. Дар бораи оиладоршавӣ бошад, Мабат мегӯяд ҳоло барвақт аст.
"Бояд нахуст натиҷаи хуби варзишӣ дошта бошам",-хулоса кард варзишгари тоҷик.