Адим Шаҳбозбеков: "варзишгари воқеъӣ мутааллиқ ба ҳама дину миллат аст"

© Личный архив Адима ШабазбековаАдим Шерозбеков. Акс аз бойгонӣ
Адим Шерозбеков. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зодаи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Адим Шаҳбозбеков, ки дар Маскав варзишкадаи "Pamir Fighters" бунёд кардааст, мегӯяд, ки варзишгари воқеъӣ мутааллиқ ба ҳама дину миллат аст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik, Дмитрий Матвеев. Соли 2015 дар пойтахти Русия варзишкадаи "Pamir Fighters" таъсис шуд, ки бунёдгузори он пизишки ҷавон Адим Шаҳбозбеков буд.

Sputnik Тоҷикистон бо Адим мусоҳибае орост ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Адим Шаҳбозбеков соли 1993 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шудааст. Соли 2008 хонаводаи Адим аз Тоҷикистон ба Маскав кӯчид. То синфи ҳаштум Адим дар мактаби тоҷикӣ дарс меомӯхт. Пас аз кӯчидан, таҳсилро дар мактаби русӣ идома дод. Адим забони русиро бисёр хуб медонад.

Ёсумани 18-сола дар озмуни зебоии Miss Global Tourism ғолиб омад - Sputnik Тоҷикистон
Модели тоҷик дар озмуни зебоӣ дар Чин пирӯз шуд

Вай мегӯяд: "Забони русиро ман замоне ки дар Тоҷикистон будам, медонистам. Онро дар мактаб хуб аз худ карда будам. Аз ин рӯ, дар Русия мушкиле бароям пеш наомад".

Пас аз хатми мактаб Адим ба Донишгоҳи дӯстии миллал дар Маскав (РУДН) дохил шуд. Вай мегӯяд, ҳангоми вуруд ба донишгоҳ бо мушкилоте рӯ ба рӯ шуд: "Имтиҳоноти вурудии донишгоҳ бароям каме мушкил буданд. Бо заҳмат донишҷӯ шудам. Мактабро ман бо баҳои хуб хатм карда будам, вале аз бархе аз фаннҳо баҳои се доштам".

Вале Адим ин мушкилотро пушти сар гузошту донишҷӯи донишкадаи пизишкии Донишгоҳи дӯстии миллал шуд. Пешаи пизишкиро ин ҷавони тоҷик бо раҳнамоии падару модараш интихоб кард. Падари Адим домпизишк (ветеринар) ва модараш пизишки гӯшу гулӯву бинӣ (отоларинголог) ҳастанд.

Адим мегӯяд: "Ман ҳамакнун донишҷӯи соли панҷуми донишгоҳ дар бахши дандонпизишкӣ ҳастам. Пас аз давраи донишҷӯӣ боз ду сол бояд давраи дастёрӣ ё ординатураро ба поён бибарам то битавонам машғул ба пизишкиву дармон шавам".

Адим ҳоло тасмим нагирифта, ки пас аз хатми донишгоҳ дар Маскав мемонад ё ба Тоҷикистон бармегардад: "Ҳануз дар ин бора тасмими ниҳоӣ нагирифтаам. Шояд дар Маскав бимонам".

Ӯ дар кӯдакӣ футболбоз ва каратекор буд. Адим ҳануз дар замони донишомӯзӣ дар Маскав дар варзишкадаи ҳунарҳои размии "Гладиатор" бо мурабии рус Алексей Селезов варзиш мекард. Соли 2015 гурӯҳе аз ҳамшаҳриҳои ӯ дар мусобиқае дар шаҳри Черноголовка дар вилояти Маскав ширкат карда буданд. Фикри ташкили варзишкада ҳамон замон ба сари Адим омад.

"Ман ба бачаҳо пешниҳод кардам, ки бо пули худамон толореро иҷора бигирем. Дар ҳамон рӯзи аввал беш аз 80 нафар омад. Имрӯзҳо дар варзишкадаи мо беш аз 100 нафар машқ мекунанд".

Манижа Сангин щангоми суруд хондан - Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаи тоҷик дар Русия: машҳуртарин шахси Петербург ва чеҳраи рӯзнома

Ба гуфти Адим дар ин варзишкадаи ҳунарҳои размӣ, ки онро "Pamir Fighters" номидааст, намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, русҳо, мардуми Қафқоз, машғул ба варзиш ҳастанд.

"Варзишгарони воқеъӣ мутааллиқ ба дину миллате хосс нестанд, балки ба ҳама тааллуқ доранд", — мегӯяд Адим.

Варзишкадаи Адим дар наздикии истгоҳи метрои "Нагатинская" ҷой дорад. Адим мегӯяд, ки барои иҷораи бошгоҳ ҳар як варзишгар моҳона 2500 рубл пардохт мекунад.

"Дар варзишкадаи мо чаҳор мураббӣ варзишгаронро муштзанӣ, кроссфит, куштӣ ва варзишҳои размӣ ёд медиҳанд", — мегӯяд Адим.

Аз бас ки дарсҳояш дар донишгоҳ бисёранд, худ камтар ба варзишкадае меравад, ки амалан бунёдгузораш аст: "Вале дигар бачаҳо се бор дар рӯз машқ мекунанд".

Адим мегӯяд, ки ҷавонони тоҷик бояд барои дар ҷомеъаи Русия ҷое барои худ пайдо кунанд, пеш аз ҳама бояд забони русӣ ва фарҳанги бумиро аз худ кунанд.

Расул Боқиев - Sputnik Тоҷикистон
Расул Боқиев: омодаам паҳлавонони тоҷикро дар Маскав машқ диҳам

"Дар Русия имконот бисёр бештаранд. Ин ҷо метавон ба дастовардҳои бисёре ноил шуд", — мегӯяд Адим.

Ин ҷавони тоҷик ҳамчунин гуфт, ки гаҳ гоҳе шоҳиди бархурди дурушти бумиён бо муҳоҷирон мешавад, вале муътақид аст ки набояд чунин бархурдеро дар назар гирифт: "Чунин бархурде бо муҳоҷирон дар ҳама кишварҳои ҷаҳон мушиҳида мешавад. Вале ман инҷо, ки 70 дарсад аз касоне, ки бо онҳо сару кор дорам, рус ҳастанд, ҳеч мушкиле то кунун надоштаам".

Адим ҳануз намедонад ки пас аз донишгоҳ чи роҳеро пеш хоҳад гирифт. Мегӯяд, ки чанд роҳе ҳаст ки бояд як аз онҳоро интихоб кунад. Ҳамакнун ӯ дар ҷустуҷӯи сармоягузоре аст, ки битавонад тарҳи варзишии ӯро дастгирӣ кунад.

Адим дар поёни мусоҳиба барои хонандагон осоиштагӣ, хушбахтӣ ва барори кор орзу кард.

Лентаи хабарҳо
0