Алишер Усмонов миёни сарватмандони Бритониё панҷум шуд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкАлишер Усманов, архивное фот
Алишер Усманов, архивное фот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Милёрдери узбак Алишер Усмонов дар феҳристи "Sunday Times" аз сарватмандтарин афроди Бритониё дониста шуда дар мақоми 5-ум ҷой гирифт

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Алишер Усмонов якеаз сарватмандтарин ашхоси Бритониё дониста шуд. Сарвати Усмонов дар як сол 4,211 миллиард фунт стерлинг (5,4 миллиард доллар) зиёд шудааст.

Усмонов 30 фисади аксияи клуби "Арсенал"-ро дар даст дорад. Аз рӯи ҳисоби нашриёти Sunday Times- ӯ яке аз сарватмандтарин ашхоси Бритониё дониста шуд. Сарвати Усмонов дар як сол 4,211 миллиард фунт стерлинг (5,4 миллиард доллар) зиёд шудааст.

Директори Донишгоҳи миллии рушд Игор Шатров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нобаробарӣ: ҳашт нафари сарватманд бар зидди кулли башарият

Сархати сарватмандтарин нафарони Бритониёро бародарони ҳинду Шри ва Гопи Ҳиндуҷа ишғол кардаанд. Онҳо бунёдгузорони ширкати Hinduja Group буда сарвати онҳо дар як сол 3,2 миллиард фунт (4,15 миллиард доллар) афзудааст.

Нашриёти "Sunday Times" ҳамасола рӯйхати бойтарин шахсони Бритониёро нашр мекунад.

Алишер Усмонов бунёдгузори ширкати "USM Holdings" аст. Ширкати расонаии "Bloomberg" ӯро дар марти соли 2012 сарватмандтарин коркушои Русия ном бурда ва сарваташро 20 милёрд дулор арзёбӣ карда буд.

Алишер Усмонов ба Фабио Капелло надодани маошашро шармандагӣ номид. Дар оғози соли 2017 раисҷумҳури Русия Владимир Путин ӯро аз барои саҳми бузург дар умури хайрия ва иҷтимоъӣ бо нишони "Барои накӯкорӣ" сарфароз кард.

Лентаи хабарҳо
0