ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сиёсатшиноси рус Игор Шатров дар сӯҳбати радиоӣ бо Sputnik Молдова қайд кард, ки дар сурати пурзӯр шудани нобаробариҳои иҷтимоӣ дунёро оқибатҳои вазнин интизоранд.
Бино ба иттилои бунёди хайриявии Oxfam бойгарии ҳашт сарватманди ҷаҳон ба даромади умумии аҳолии ҷаҳон баробар шудааст.
"Ин нобаробарӣ дар истеҳсоли биржа, аксияҳо, вомбаргҳо ва фоизҳои он асос ёфтааст. Ва нафароне, ки ин аксияҳоро роҳбарӣ мекунанд, рӯз аз рӯз бойтар мешаванд",-изҳор дошт коршинос.
Ӯ бовар дорад, ки дар Русия низ чунин аст, вақте якчанд нафар тамоми бойгариро дар дасти худ мегиранд.
"Дер ё зуд, чунин ҳодиса метавонад ба таркиши иҷтимоӣ оварда расонад. Вале гап боз сари он аст, ки Русия дорои дигар омилҳоест, ки ин низомро метавонад бозмедорад",-хулоса кард Шатров.