ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Ба наздикӣ ҷаласаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои ба танзим даровардани симкортҳои мобилӣ, азнавбақайдгирии онҳо ва бо шиноснома ва тартиби ба фурӯш баровардани симкортҳо баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, чунин қарор қабул карда шуд, ки барои фурӯши ғайриқонунии симкортҳои мобилӣ, истифодаи он аз тарафи шахси дигар ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ мешавад.
Илова бар ин, ҳангоми симкортҳоро ба шахсони ҷинояткор додани сокинон онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Дар ин бора ба ҳукумати ҶТ лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷараёни аз нав ба қайд гирифтани симкортҳо давом дорад ва муштариёни ширкатҳои мобилӣ бояд бо шиноснома симкортҳои худро ба қайд гиранд.