ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи алоқаи барқӣ"-ро ҷонибдори намудаанд, ки бар асоси он 7 миллион симкортҳои фурӯхташудаи ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гирифта мешаванд.
Имрӯз Маҷлиси Намояндагон — палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи алоқаи барқӣ"-ро тасвиб кард.
Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансур Умаров ҳангоми муаррифии ин тарҳ дар парлумон гуфт, ки марҳилаи аз нав бақайдгирии симкортҳо як сол идома мекунад. Ҷаноби Умаров бештар аз он нигаронӣ кардаст, ки дар Тоҷикистон ба номи як нафар чандин кас симкорт харидаанд ва ба қавли ӯ ҳатто баъзе аз ин симкортҳо то ба дасти ҷангиёни Толибон дар марз расидаанд.
"Баъзе аз қочоқбарони афғон низ симкортҳои Тоҷикистонро доранд. Бештари ин симкортҳо ба номи касе сабт нашудаанд", — афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раиси Ассотсиатсияи операторҳои мобилӣ дар Тоҷикистон Ғафур Эркаев мегӯяд, раванди аз нав бақайдгирии симкортҳо на он қадар равшан аст.
"«Эҳтимоли зиёд ба ҳар як муштари пайёмаки аз нав сабт шудан бо муҳлати он фиристода мешавад. Агар дар вақти муайян шуда, муштари аз сабт нагузарад, дар ин ҳолат ширкат ҳақ дорад ба таври якҷониба шартномаашро бо шаҳрванд қатъ кунад", — афзуд манбаъ.
Ӯ таъкид намуд, ки ба ҳар сурат, ин раванд бо мақомоти амнияти кишвар ва ширкатҳои хизматрасони алоқа ва операторони мобилӣ муввофиқа мешвад, чун раванди сабт намудан барои истифодабарандагон хеле мушкил нагардад.