Тоҷикон дар роҳпаймоии форсизабонон дар Ню-Йорк ҳунарнамоӣ карданд

Обуна шудан
Чанде пеш дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Ню-Йорки Амрико роҳпаймоии ҳунариву фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои форсизабон ҳунару фарҳанги худро намоиш доданд

Он рӯз хиёбони Медисон-авеню ҷашнгоҳ шуда буд — меҳмонон ва ширкаткунандагон дар ин парад дар ҳавои мусиқӣ рақс мекарданд ва бо ифтихор кишвари худро муаррифӣ менамуданд.

Чанде пеш дар хиёбони марказии Манҳаттан роҳпаймоии форсизабонон баргузор шуд.

Дар ин режа намояндагони ҳама кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, роҳпаймо карданд. Аз он ҷумла 40 шаҳрванди Тоҷикиистон низ ба ин роҳпаймоӣ ҳамроҳ шуданд.

Яке аз раҳпаймоён гуфт, ки тоҷикони муқими Амрико як моҳ барои ин роҳпаймоӣ омода шуда ва оҳангҳоеро махсус барои он интихоб карданд.

Лентаи хабарҳо
0