Бидуни истироҳат: шаҳрвандони Тоҷикистон 1-майро ҷашн мегиранд

© Фото : SputnikСокинони шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Сокинони шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор оиди аз рӯйхати рӯзҳои истироҳатӣ баровардани Рӯзи якдилиимеҳнаткашон моҳи ноябри соли 2016 аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон қабул гардид

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Рӯзи меҳнаткашон, ки дар тӯли чандин солҳо дар Тоҷикистон чун ҷашни бошукӯҳ таҷлил мешуд, аз рӯйхати рӯзҳои истироҳатӣ бароварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи октябри оли 2016 бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" истироҳат будани якуми майро лағв карданд.

Таҷлили Наврӯз дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чаро имсол дар Маскав Наврӯзро дар рӯзи ханда ҷашн мегиранд?

Якуми май аз замони Шӯравӣ ба унвони Рӯзи якдилии меҳнаткашон таҷлил мешуд ва баъди Истиқлол ҳам ин сана барои сокинони Тоҷикистон истироҳат буд.  Он замон Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон гуфт, якуми май ҳамчун рӯзи ид боқӣ хоҳад монд, аммо бидуни истироҳат.

Рӯзи якдилии меҳнаткашон дар даврони Шӯравӣ махсусан бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешуд. Сокинони шаҳру навоии кишвар дар майдонҳои марказӣ барномаҳои гуногуни диданиро омода карда ҳама ба парад мебаромаданд.

Дар ҳоли ҳозир Рӯзи меҳнаткашон дар 142 кишвари ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар бархе аз мамолик ин ҷашн бо шукуӯҳи хосса баргузор шуда дар бархеи дигар танҳо сайругашти оммавӣ доир мешавад.

Қайд мекунем, ки вакилони парлумон ҳамчунин 10 январро ҳамчун Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия эълом карданд. Ин сана ҳам истироҳат надорад ва чун иди касбии кормандони ин оҷонсӣ таҷлил мешавад.

Лентаи хабарҳо
0