ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Боздиди серӯзаи Заҳро Оқохон аз Тоҷикистон имрӯз ба поён расид. Пас аз мулоқот бо коргузорони Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар шаҳри Душанбе, шоҳдухт ба кишвараш баргашт.
Дар ин бора сухангӯи Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон Фирӯза Ғуломасейнова ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Пеш аз сафар шоҳдухт бо коргузорони бахшҳои иқтисодӣ, беҳдошту дармон ва омӯзишии Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар шаҳри Душанбе мулоқот намуд.
Ҳамчунин шоҳдухт Оқохон Заҳро бо раиси Шурои миллии исмоилиёни Тоҷикистон Шарофат Мамадамбарова дидор ва мулоқот кард.
Манбаъ афзуд, ки шоҳдухт Заҳро Оқохонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе коргузорони баландпояи Шабакаи тавсеъаи Оқохон, аз ҷумла раиси Шурои миллии исмоилиёни Тоҷикистон Шарофат Мамадамбарова, гусел намуданд.
Шоҳдухт Заҳро Оқохон мудири Бахши рифоҳи иҷтимоъӣ дар Дабирхонаи шоҳзода Карим Оқохон ва ҳамчунин масъули ниҳодҳои тавсеъаи иҷтимоъӣ дар Шабакаи тавсеъаи Оқохон аст ки созмонҳои омӯзишӣ, беҳдошту дармон, барномарезӣ ва сохтусозро дар бар мегирад.