Мулоқоти раиси ВМКБ бо шоҳдухт Заҳро Оқохон

Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва шоҳдухт Заҳро Оқохон дурнамои ҳамкориҳои ҳукумати ВМКБ ва Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар заминаҳои омӯзишӣ, рифоҳи иҷтимоъӣ, беҳдошту дармон, барномарезӣ ва сохтусозро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар дод.

Дар ин дидор масоъили тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар доираи сиёсати дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии барномаҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар вилоят ва дар ин замина саҳмгузорӣ дар амалисозии яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии кишвар — таъмини зиндагии шоиста барои ҳар шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Принцесса Захра Ага Хан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳдухт Заҳро Оқохон аз Бартанг ва Ишкошим боздид мекунад

"Таъкид шуд, ки дар идомаи ҳамкориҳои дуҷониба, Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар рушду густариши омӯзишу парвариш, тандурустӣ, рифоҳи иҷтимоъӣ ва пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ, аз ҷумла, обхезӣ саҳмгузорӣ хоҳад намуд".

Ёдовар мешавем, ки ду рӯзи пеш шоҳдухт Заҳро Оқохон дар чорчӯби сафари худ ба Бадахшон аз ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Рӯшон боздид карда, аз тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар масоили фақрзудоӣ, тавсеъаи иқтисодӣ, рушди омӯзишу парвариш ва беҳдошту дармон дидан кард.

Равобити умуми Созмони тавсеъаи Оқохон хабар медиҳад, ки шоҳдухт Заҳро Оқохон 24 апрел дар Бомиёни Афғонистон дар маросими ифтитоҳи бемористон ширкат кард.

Лентаи хабарҳо
0