Бузкашони тоҷик ба қаҳрамонии ҷаҳон ба Қазоқистон мераванд

© Sputnik / Амир ИсаевБузкашӣ: бозии суннатиии тоҷикон. Акс аз бойгонӣ
Бузкашӣ: бозии суннатиии тоҷикон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Човандозҳои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҳазфӣ 12 тан аз бузкашҳои забардастро интихоб карда барои ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон ба Қазоқистон мефиристанд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Човандозҳои тоҷик дар қаҳрамонии бузкашии ҷаҳон дар шаҳри Остона зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Ҷоизаи умумии ин мусобиқот 500 ҳазор дулор таъйин шуда аст. Барои ширкат дар ин мусобиқот бузкашҳои Тоҷикистон сабқати ҳазфӣ баргузор мекунанд ки 12 тан аз пирӯзшудагон дар онро барои намояндагӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон хоҳанд фиристод.

Бозиҳои Наврӯзӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии “Робенгуд” дар мусобиқаи аспдавонии вилояти Суғд

Бузкашӣ яке аз варзишҳои суннатии мардумони Осиёи Марказӣ аст. Дар ин варзиш ва ё бозӣ саворон ва ё чуноне ки миёни ҳаводорони бузкашӣ маъмул аст, човандозон (ва ё чопандозон), рақобати диловаронаеро ба намоиш мегузоранд.

Дар ҳар кадоме аз кишварҳое, ки бузкашӣ он ҷо ривоҷ дорад — Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон ин бозӣ вижагиҳои худро дорост.

Дар бархе аз навиштаҳои торихӣ ва ҷусторҳои пажӯҳишгарон гуфта шуда, ки бузкаширо ба Осиёи Марказӣ дар садаҳои 11 — 12 лашкари Чингизхон овардааст.

Лентаи хабарҳо
0