Пирӯзии “Робенгуд” дар мусобиқаи аспдавонии вилояти Суғд

© SputnikБозиҳои Наврӯзӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бозиҳои Наврӯзӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаи аспдавонӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз дар аспрес ё майдони аспдавонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, аспе "Робенгуд" ном пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми ҳукумати вилояти Суғд, маросими оғози мусобиқаи аспдавонӣ бо ширкати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд. Муовини раиси вилоят Ориф Хоҷазода дар ин маросим Наврӯзро ба ширкаткунандагону тамошобинон табрик гуфт.

Вай ёдоварӣ кард, ки дар ин вилоят 19 сол боз ҳар сол ба муносибати фаро расидани ин ҷашни бостонӣ мусобиқаҳои аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешаванд.

Мусобиқаи вилоятии аспдавонӣ дар 9 давр сурат гирифта дар он беш аз 70 аспсавор ширкат карданд. Дар даври ниҳоӣ аспе "Робенгуд" ном масофаи муқарраршударо пештар аз дигарҳо тай кард.

1/4
Мусобиқаи аспдавонӣ дар вилояти Суғд

Барандагони ин мусобиқаи вилоятӣ ҳадяҳои ёдгорӣ ва барандаи ҷои аввал 3 ҳазор сомонӣ дарёфт карданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин мусобиқоти чавгон ва бузкашӣ низ баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0